Технологияҳо

Дар назди духтур навбат истодан писанд нест? Бо сомонаи Yakdu.tj мушкилатонро ҳал кунед

Зарурати гузаштани соҳаи тандурустии Тоҷикистон ба онлайн хизматрасониҳо, тарзи ба навбат гузоштани номи худ дар назди табибон тавассути интернет, назорати суҳбати табибон бо муроҷиаткунандагон, оид ба ин ва дигар масъалаҳо вобаста ба фаъолияти сомонаи хизматрасонии тиббии Yakdu.tj таъсидиҳандаи он Хуршед Ғаниев дар мусоҳиба бо “Sk” чунин баён дошт:

Идеяи лоиҳаи Yakdu.tj чӣ тавр пайдо шуд?

— Мувофиқи тадқиқоти гуногун ҳангоми ташхис ва муолиҷаи беморон духтурон дар 30%-и ҳолатҳо ба ин ё он хатогӣ роҳ медиҳанд. Омили асосие, ки сабабгори хатогиҳои тиббӣ мебошад, изофагии маълумот аст. Барои қабули қарори ташхис ё муолиҷаи бемор духтур бояд маълумоти заруриро оид ба якчанд ҳазор намуди бемориҳо, даҳҳо ҳазор намуди доруҳо, таҳлили натиҷаҳои тадқиқоти озмоишгоҳӣ ва ғайраро донад. Ин кор хеле мушкил ва дар баъзе ҳолатҳо имконнопазир аст. Кори духтурро инчунин омили инфиродият мушкил менамояд. Масалан, як беморӣ дар ҳар шахс зуҳурот ва равиши гуногун дорад. Бо мақсади ёрӣ расонидан ба духтурон ва ҳалли мушкилоти зикршуда мо лоиҳаи Yakdu.tj-ро таъсис додем. Мақсади Yakdu.tj тавассути технологияҳои иттилоотӣ ёрӣ расонидан ба духтурон ва беморон дар таҳлили зудтари маълумоти зиёд ва қабули қарорҳои дурусти тиббӣ мебошад. Барои амалӣ намудани ин мақсад мо дар якчанд самт фаъолият менамоем: сохтани системаҳои экспертии ёрирасон барои қабули қарорҳои тиббӣ, осон намудани дастрасии маълумоти дақиқи тиббӣ ба аҳолӣ тавассути сервисҳои интернетӣ, гузаронидани равандҳои тиббӣ ба муҳити рақамӣ ва ғайра.

Сомонаи Yakdu.tj кай ва дар кадом шароит ба фаъолият оғоз кард.

— Коркарди системаҳои экспертиро соли 2015 оғоз намуда будем. Тӯли 3 сол мо ба корҳои гуногуни тадқиқотӣ машғул будем. Дар ин муҳлат ғайр аз системаҳои асосӣ як қатор сервисҳои иловагиро коркард намудем, аз ҷумла имконияти саволу ҷавоби онлайнӣ, кофтукоби маълумоти тиббӣ, сохтани ҷамъиятҳо байни духтурон, базаи протоколҳову консилиумҳои тиббӣ ва ғайра. Соли 2018 қарор намудем, ки якчанд қисмати сомонаи Yakdu.tj-ро, ки барои духтурону беморон фоидовар буда метавонистанд, барои истифодаи умумӣ дастрас намоем. Бо ин ташаббус ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат намудем. Дар вазорат ташаббуси моро дастгирӣ намуданд ва ҳамин тавр сомона ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дастрас гардид. 

Ҳоло тариқи сомонаи шумо чанд нафар табиб ба тавсияву маслиҳатҳои шаҳрвандон машғул ҳастанд?

-Айни ҳол ба сомонаи Yakdu.tj 857 табиб пайваст шудаанд (регистратсия кардаанд). Аз байни онҳо 57 нафар доимо дар сомона фаъоланд.

Раванди савол додан ба табибон ва посух ба он назорат карда мешавад?

-Яке аз арзишҳои асосие, ки Yakdu.tj пешбарӣ менамояд, ин дақиқии маълумоти тиббӣ аст. Аз ин рӯ, ҳар як маълумоте, ки ба сомона ворид мегардад, аз тарафи модераторон тафтиш ва назорат карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки раванди саволу ҷавоб дар Yakdu.tj аз ҳамаи сомонаҳои дигар ду фарқияти муҳим дорад:

1) саволҳо дар Yakdu.tj махфӣ (анонимӣ) мебошанд; аз сабаби он ки шахсияти саволдиҳанда пӯшида аст, истифодабарандагон метавонанд мушкилиҳои тиббии худро кушод ва саҳеҳ тасвир намоянд;

2) ба саволи истифодабарандагон дар Yakdu.tj танҳо духтурон ҷавоб медиҳанд; механизмҳои сомона ба дигарон имконияти дар саволу ҷавоби тибби иштирок карданро манъ менамоянд.

Тавре дар сомона қайд шудааст, сокинон метавонанд худро барои аз назди духтур гузаштан ба таври онлайн дар навбат монанд. Ин чӣ тавр сурат мегирад?

-Нафароне, ки дар сомона сабти ном шудаанд, метавонанд ба ҳамаи духтурони дар он мавҷудбуда тавассути мессенҷери Yakdu.tj паём нависанд ва барои гузаштан аз маслиҳати духтур бо ӯ вақту соати вохӯриро мувофиқа намоянд. Нафароне, ки дар сомона регистратсия накардаанд, метавонанд ба саҳифаи шахсии ҳар духтури дилхоҳ ворид шуда, ба тугмачаи “Позвонить” (“Занг задан”) пахш намоянд ва тавассути занги телефонӣ бо духтур вақту соати маслиҳати тиббиро мувофиқа намоянд. 

Дар сомона, инчунин клиникаҳо ва марказҳои саломатӣ ҷой дода шудаанд. Мегуфтед, ин тарзи хизматрасонӣ чӣ гуна кор мекунад?

-Дар сомона оиди клиникаҳо ва марказҳои саломатӣ маълумоти асосӣ, маълумот оиди хизматрасонӣ, суроға ва телефони онҳо ҷойгир карда шудааст. Мақсади ин қисмати сомона – осон намудани кофтукови муассисаҳои тиббӣ барои аҳолӣ аст. Мисол, агар ба Шумо ягон клиникаи стоматологӣ лозим бошад, метавонед дар ин қисмат клиникаҳои стоматологиро аз назар гузаронида, тавассути занги телефонӣ ба клиникаи писандомада худро номнавис намоед.

Ба андешаи Шумо, дар шароити пандемияи Ковид-19 гузаштани соҳаи тандурустии Тоҷикистон ба онлайн хизматрасониҳо чӣ кӯмак мерасонад?

-Гузариш ба хизматрасониҳои онлайнӣ ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон бидуни Ковид-19 низ шароитҳои хеле хубро фароҳам меорад ва мушкилиҳои  зиёдро бартараф менамояд. Дар шароити кунунии Ковид-19 ин шароитҳо боз ҳам назаррас хоҳанд буд. Тавассути онлайн-навбатҳо метавонем навбатҳои ҷисмонии беморонро бартараф кунем. Тавассути онлайн-ҳуҷҷатнигорӣ метавонем ташрифи беморонро ба назди духтурон аз 2-3 маротиба то 1 маротиба кам намоем. Тариқи онлайн-консултатсияҳо метавонем маслиҳатҳои духтурони беҳтарини пойтахтро ба аҳолии ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ дастрас намоем, то зарурати ба пойтахт сафар намудани ин гурӯҳи беморон бартараф гардад. 

Шумораи истифодабарандагони сомонаи Yakdu.tj дар кадом сатҳ қарор?

-Шумораи нафарони ба сомона пайвастшуда ба 3859 нафар баробар аст, аз ҷумла 857 табиб, 465 донишҷӯи тиббӣ, 2537 беморон.

Ғайр аз ин ҳар моҳ зиёда аз 40 ҳазор шаҳрвандон бе пайвастшавӣ (бе регистратсия) сомонаро истифода намуда, зиёда аз 100 ҳазор саҳифаҳоро мутолиа менамоянд.

То имрӯз шаҳрвандон тавассути сомона ба табибон 4448 савол дода, дар маҷмӯъ табибон 11540 маслиҳати аввалия гузаронидаанд.

Ҳамчунин аз тарафи табибон 302 тавсияҳои тиббӣ оид ба масъалаҳои муҳими тиббӣ илова карда шудаанд.

Дар бараи бахшҳои хизматрасонии сомона каме маълумот медодед. (“Найти врача”, “Найти клинику”, “Задать вопрос”, “Советы врачей”, “Пользователям”, “Врачам”, “Студентам”).

-“Найти врача” – қисмате, ки дар он беморон метавонанд духтурони соҳаҳои гуногуни тибро дарёфт намоянд ва ба ташрифи онҳо худро номнавис намоянд. “Найти клинику” – саҳифае, ки дар он беморон метавонанд, муассисаҳои тиббиро дарёфт намоянд ва аз хизматрасонии табибон истифода баранд. “Задать вопрос” –дар ин бахш ҳар як шаҳрванд метавонад ба таври махфӣ саволҳои тиббӣ дода, аз духтурон ба саволи худ ҷавоб бигирад. “Советы врачей” – қисмате, ки дар он табибон оид ба масъалаҳои маъмули тиббӣ тавсияҳои содда ва оммафаҳмро нашр мекунанд. “Пользователям”, “Врачам”, “Студентам” – бахшҳое ҳастанд, ки дар онҳо имкониятҳои Yakdu.tj барои гурӯҳҳои гуногуни истифодабарандагон (духтурон, донишҷӯёни тиб ва шаҳрвандони оддӣ) оварда шудаанд.   

Аксарияти маълумотҳо бо забони русӣ ҳастанд. Чаро?

-Мо кӯшиш менамоем, ки маълумоти асосии сомона бо ду забон дастрас бошад – тоҷикӣ ва русӣ. Аммо як қатор протоколҳову тавсияҳои муҳиме мавҷуданд, ки бо забони русӣ дастрас буда, то ҳол ба забони тоҷикӣ тарҷума нашудаанд. Ғайр аз ин баъзе мафҳумҳои техникие ҳастанд, ки тарҷумаи онҳо ба забони тоҷикӣ айни ҳол мушкил аст. Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки қисми зиёди мутахассисони номдори имрӯзаи тиб солҳои пеш донишгоҳро бо забони русӣ хатм кардаанд ва ба онҳо изҳор намудни тавсияҳои худ бо забони русӣ осонтар аст. 

Умуман, барои пеш бурдани кори сомона, чанд нафар фаъолият мекунанд?

-Дар пешбурди сомона дар маҷмӯъ 32 нафар иштирок доранд: барномасозон, духтурон ва олимони ҷавон.

Ҳоло шумо бо кадом сохтору идораҳо ҳамкорӣ доред?

Айни ҳол Yakdu.tj бо як қатор сохторҳои давлативу ғайридавлатӣ ҳамкорӣ менамояд, аз ҷумла ширкати Мегафон Тоҷикистон, Alliance Tech, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO), TajRupt, Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Бонки умумиҷаҳонӣ ва ғайра. 

Барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии сомона чӣ нақшаву ниятҳоро амалӣ карданӣ ҳастед?

-Нақшаҳои имрӯзаи мо на танҳо сомонаи Yakdu.tj-ро дар бар мегиранд. Мо кӯшиш дорем, ки ба ҷоришавии тибби рақамӣ дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Нақша дорем, ки корҳои илмии худро дар самти коркарди системаҳои экспертӣ идома дода, пас аз якчанд сол онҳоро дар тибби амалӣ татбиқ намоем. Бо мурури тараққиёти фарҳанги рақамӣ ва дастрасии интернет мехоҳем ба аҳолии Тоҷикистон як қатор имкониятҳои наверо пешниҳод намоем, ки барои беҳтар намудани равандҳои ташхис ва муолиҷаи бемориҳо равона шудаанд. Бо дастгирии молиявӣ ва техникии ширкати МегаФон санҷиши телеконсултатсияҳоро оғоз карданӣ ҳастем. Дар сурати муваффақ шудани ин лоиҳа таҷрибаи бадастомадаро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷорӣ хоҳем кард. 

Нашрҳои монанд
СоҳибкорӣТехнологияҳо

“Huawei” ният дорад, ки смартфони “Honor” - ро ба ҳукумати Шэнчжен ва дигарон 15 миллиард доллар фурӯшад

Технологияҳо

Дар Хуҷанд системаи пардохти электронӣ ҷорӣ карда шуд

МаркетингТехнологияҳо

Дар Telegram имкониятҳои нав пайдо шуд

АндешаТехнологияҳо

WSJ: Авҷи истифодабарии нақлиёти барқӣ наздик аст.

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту