МаркетингТехнологияҳо

Парвиз Рӯзиев Menu.tj -ро ба лоиҳаи нави замонавии Gastronom “ребрендинг” эълон кард!

Таъсисдиҳанда ва ҳаммуалифи menu.tj — Парвиз Рӯзиев дар саҳифаи фейсбукиаш оиди “ребрендинг”-и ин портал ба лоиҳаи нави замонавии Gastronom хабар дод.

“Имрӯз ман расман menu.tj -ро ба лоиҳаи нави замонавии Gastronom “ребрендинг” эълон мекунам, ки он ба мисли лоиҳаи пешина сокинон ва меҳмонони пойтахтро бо таърихи ҷолиби дунёи тарабхонаҳо шод хоҳад кард», — омадааст дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии Парвиз Рӯзиев.

Лоиҳаи Gastronom хизматрасониҳои нав, аз ҷумла, фармоиш додани миз, фармоиш додани хӯрокро дар беҳтарин тарабхонаҳои пойтахт ба роҳ мемонад. Ҳамчунин портали нав шахсоне, ки нозукиҳои пухтани хӯрокҳои болаззатро медонанд, имконият медиҳад, то асрори ошпазии худро нақл кунанд.

Лоиҳаи нав ҳамқадами замон буда, пешниҳод ва навоварии тарабхонаҳоро инъикос мекунанд ва дар пешрафти соҳаи тарабхонадорӣ саҳмгузор хоҳад буд.

Сомонаи расмии лоиҳаи Gastronom — “Gastronom.tj” рӯзи 5-уми октябри соли  2020 бо бахшҳои “Муассисаҳо”, “Аксияҳо”, “Афиша”, “Дастурамалҳо”, “Ба шарикони лоиҳа”, ки бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аст, фаъол карда шуд.

Menu.tj дар бораи фаъолияти тарабхонаҳои пойтахт навору акс ва хабарҳои ҷолиб нашр мекард.

Парвиз Рӯзиев навиштааст, ки лоиҳаи menu.tj чун ҳарвақта фаъолияташро идома медиҳад, аммо бе иштироки ӯ. Зеро идоракунии порталро ба шарики худ супоридааст.

“Дар дираи лоиҳаи menu.tj, ки 5 сол фаъолият кардам, бо ҳамроҳии гурӯҳи кории худ зиёда аз 20 чорабиниҳо гузаронида, муддати 2 сол дар як лоиҳаи дастраснамоӣ кор кардем. Барои тарабхонаҳо бо 2 забон беш аз 500 шарҳ навишта, зиёда аз 100 000 акс гирифта, тақрибан 100 видеоро наворбардорӣ кардем. Инчунин, агентии маркетинги рақамиро барои кӯмаки тарабхонаҳо таъсис дода, ба автоматикунонии тиҷорати тарабхонаҳо машғул будем”, — қайд кардааст Парвиз Рӯзиев.

Нашрҳои монанд
СоҳибкорӣТехнологияҳо

“Huawei” ният дорад, ки смартфони “Honor” - ро ба ҳукумати Шэнчжен ва дигарон 15 миллиард доллар фурӯшад

Технологияҳо

Дар Хуҷанд системаи пардохти электронӣ ҷорӣ карда шуд

МаркетингТехнологияҳо

Дар Telegram имкониятҳои нав пайдо шуд

АндешаТехнологияҳо

WSJ: Авҷи истифодабарии нақлиёти барқӣ наздик аст.

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту