АндешаТехнологияҳо

Маск то соли 2050 дар Марс барои як миллион нафар шаҳр месозад

Илон Маск муассиси ширкати SpaceX ва яке аз миллиардерони ИМА  нақша дорад, ки то соли 2050 дар Марс барои як миллион нафар шароити мусоид  барои зиндагӣ фароҳам оварад ва ваъдаи дар он ҷо таъсис додани ҷойҳои кориро низ кардааст.

17- уми январи соли 2020 Илон Маск  дар саҳифаи Твиттери худ матлаберо паҳн кард, ки он аз  нақшаи сохтани шаҳри хурде дар Марс  барои як миллион нафар хабар медод.

Маск барои сохтани чунин шаҳр дар Марс нақша дорад, ки тавассути ширкати Starship беш аз 1000 киштиҳои кайҳонии гуногунро   барои мусофирону боркашонӣ сохта ба истифода диҳад. Киштиҳои кайҳонӣ дар як парвоз метавонанд то 100 нафар ва 100 тона борро ба Марс интиқол диҳанд.

“Сохтани 100 киштии гуногуни кайҳонӣ дар як сол ва ё  1000 тои он дар даҳ сол имкон дорад, то як миллион мусофир ва  зиёда аз як миллион тонна бор ба Марс фиристода шавад. Парвози киштиҳои кайҳонӣ  дар зарфи  30  рӯз баъди ҳар 25 моҳа сурат мегирад, чунки  дар ин вақт мадори сайёраи Марс ва Замин мувофиқат мекунаду барои парвоз сӯзишвории кам сарф мешавад.  Дар як рӯз имкон дорад то 3 киштӣ ба Марс парвоз анҷом диҳад” – иброз медорад Маск дар Твиттери худ.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Андеша

Дарсҳои тиллои: 7 дарс аз ҳаёти ҷониби Ричард Бренсон

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Технологияҳо

Instagram: Ҳиссаи даромади реклама аз IGTV ба муаллифони видеоҳо пардохта мешавад.

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту