Технологияҳо

iPhone SE дуюмбора бо имкониятҳои васеъ ба фурӯш мебарояд.

Ширкати бонуфузи “Apple” насли дуввуми IPhone SE -ро  миёни муштариёнаш эълон кард. Ин навъи телефон назар ба моделҳои охири ширкат хурдтар ва арзонтар буда, протсессорҳои он низ пурқувват ва дорои хусусиятҳои нав мебошанд.  Дар ин навъи IPhone SE танҳо як камера, Touch ID ва тугмаи Home мавҷуд аст. Шаклан ба навъи  IPhone 7  монандӣ дорад.

Дар Русия фармоиши пешакӣ рӯзи панҷшанбе, 23 апрел  оғоз меёбад ва арзиши он аз 40 ҳазор (64 ГБ хотира) то 54 ҳазор рубл (256 ГБ) – ро дар бар мегирад.

Аввалин навъи IPhone SE нисбатан арзон ва хурд буд ва он харидоронро дар шароити афзоиш ва нархи торафт афзояндаи моделҳои нав ҷалб кард, аммо Apple соли 2018 барориши онро қатъ кард. Акнун ширкат тасмим гирифтааст, ки ин навъи смартфонро дубора ба фурӯш барорад. Дар ин навъи телефон функсияи шинохти чеҳра ( Face ID) мавҷуд нест ва танҳо тавассути изи даст кушода мешавад.  

Шакли смартфон ба IPhone 7 шабоҳат дорад ва андозаи экран нисбат ба SE –и қаблӣ афзуда, 4,7 дюймро дар бар мегирад. Протсессори ин навъи телефон ба мисли протсессори IPhone 11 Pro мебошад ва ҳамчунин дар он функсияи пуркунии бесим ва ҳолати портретии аксбардорӣ низ мавҷуд аст.

Дар ИМА телефон мисли SE-и аввала 399 доллар (барои версия бо 64 ГБ хотира) арзиш дорад. Берун аз Амрико нархи смартфон каме баланд буда, дар Руссия аз 40 то 54 ҳазор рубл ва дар Бритониё 419 фунтро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди коҳиши талабот ба пандемия ва хуруҷи коронавирус дар кишварҳо, тавлидкунандагони смартфонҳо намоиши навро идома медиҳанд. Дар ин ҳафта, истеҳсолкунандагони чинии OnePlus ва Huawei версияҳои нави телефонҳои худро пешниҳод карданд.

 Ширкати “Apple” дар моҳи феврал ҳушдор дода буд, ки карантини дар Чин  мавҷудбуда боиси коҳиши истеҳсолот ва кам шудани фурӯш хоҳад буд. Дар ин замина дар бисёр кишварҳо мағозаҳои ширкат баста шуданд.

Ден Ивер коршиноси соҳа пешниҳод мекунад, ки дар шаш моҳи аввал Apple метавонад аз 20 то 25 миллион IPhone –и  SE-и навро фурӯшад. “Дар ин нарх харидорон имкони дастрас намудани дигар навъҳои телефонҳоро доранд, аммо ин смартфон нисбатан қавитару дорои имкониятҳои васеъ мебошад” – гуфт коршинос.

Нашрҳои монанд
СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Технологияҳо

Instagram: Ҳиссаи даромади реклама аз IGTV ба муаллифони видеоҳо пардохта мешавад.

Технологияҳо

Facebook Shops – хизматрасонӣ барои таъсиси онлайн-мағозаҳо дар дохили шабакаҳои иҷтимоӣ

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Wooppay: финтех-ширкати Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон дохил шуд.

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту