Технологияҳо

Instagram: Ҳиссаи даромади реклама аз IGTV ба муаллифони видеоҳо пардохта мешавад.

Карантин шумораи тамошои намоишҳои “Instagram Live” -ро аз моҳи феврал то март ҳудуди 70% зиёд кард.

Instagram эълон кард, ки ҳиссаи даромади реклама ба истифодабарандагони бонуфуз пардохт мешавад.

Қаблан, истифодабаранда ва таҳиягарон, ки аз ҳисоби платформа мехостанд фоида ба даст оранд, аввал бояд муштариёни бештареро ҷалб кунанд ва дар баъзе ҳолатҳо бо намояндагони ширкатҳо барои таблиғи бренди онҳо ҳамкорӣ кунанд. Дар он сурат онҳо метавонанд, кафолати пардохтро ба даст оранд.

Акнун, бо шарофати хусусиятҳои нави Instagram, эҷодкунандагон метавонанд аз таблиғоти видео дар як барномаи алоҳидаи IGTV, аз нишонаҳои рақамӣ дар Instagram Live, фурӯши маҳсулот тавассути Instagram Shop фоида ба даст оранд. Инчунин онҳо метавонанд бо брендҳои машҳур созишнома ба имзо расонанд ва ё тавассути Brand Collabs Manager барои худ сарпараст ҷустуҷӯ намоянд.

Карантин шумораи тамошои намоишҳои Instagram Live -ро аз моҳи феврал то март то 70% зиёд кард. Ин маънои онро дорад, ки пахши мустақим беҳтарин роҳи муносибат бо аудитория мебошад.

Ҳоло Instagram ба корбарони бонуфуз, ки аз  IGTV истифода мебаранд ва рекламаи пешниҳоднамудаи ширкатро дар профили худ таблиғ мекунанд 55% — и даромади худро пешниҳод мекунад.

Видеоҳо аксарият эълон мебошанд ва онҳо дар экрани истифодабарандагон то 15 сония давом мекунанд. Фоида дар он сурат ба даст меояд, ки баъди тамошои реклама дар IGTV  тамошобин бояд тугмаи “тамошо кардан”- ро  пахш кунад ва видеоро бинад.

Дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳо бо корбарон бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд. Ҳамин тавр, дар соли 2019, YouTube аз 15 миллиард доллар даромади таблиғотӣ ба даст омада,  7,5 миллиард долларашро ба истифодабарандагони худ дод.  

Истифодабарандагони ТикТок низ ҳангоми пахши мустақим метавонанд ҳазорҳо доллар дар шакли хайрия ё тӯҳфаҳо ба даст оранд.

Нашрҳои монанд
СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Технологияҳо

Facebook Shops – хизматрасонӣ барои таъсиси онлайн-мағозаҳо дар дохили шабакаҳои иҷтимоӣ

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Wooppay: финтех-ширкати Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон дохил шуд.

Технологияҳо

Элон Маск ният дорад дар шаш моҳ интернети бепулро аз моҳвораҳои Starlink ба кор дарорад

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту