Технологияҳо

Имкони зангҳои видеоӣ акнун дар Telegram пайдо мешавад

Тавре ширкати Telegram дар блоги интернетии худ эълон кард, то охири сол функсияи зангҳои видеоӣ дар гурӯҳ пайдо мешавад. 

«Зангҳои видеоӣ дар соли 2020 ба паёмнависии соли 2013 шабоҳат доранд. Барномаҳои мувофиқ мавҷуданд,  аммо ба талаботи ҳозира ҷавобгӯ нестанд. Дар нақша ҳаст, ки то охири сол ин камбудӣ роҳи ҳалли худро пайдо кунад” —  гуфта шудааст дар гузориш.

Зангҳои видеоӣ аз ҳисоби реҷаи худбоварии истифодабарандагон, ки дар тамоми ҷаҳон амал мекунанд, маъруф гаштаанд. Ҳамин тавр, арзиши яке аз маъмултарин хидматрасониҳои видеоии занг “Zoom” дар тӯли ду моҳи охир беш аз 70% афзоиш ёфтааст. Ширкати Telegram, ки дар Тоҷикистону аксарияти давлатҳои ҷаҳон кунун маъруфият пайдо намудааст, истифодабарандагони худро доро буда, тарзи истифодабарии он мувофиқ ба завқи ҳамагон маҳсуб меёбад.

Нашрҳои монанд
СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Технологияҳо

Instagram: Ҳиссаи даромади реклама аз IGTV ба муаллифони видеоҳо пардохта мешавад.

Технологияҳо

Facebook Shops – хизматрасонӣ барои таъсиси онлайн-мағозаҳо дар дохили шабакаҳои иҷтимоӣ

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Wooppay: финтех-ширкати Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон дохил шуд.

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту