Технологияҳо

Facebook дар Messenger тағйиротҳои нав ворид мекунад.

Аз нимаи дуюми моҳи октябри соли 2020 Facebook тамғаи Messenger-ро нав карда, ба он функсияҳои иловагиро  ворид намуд. Дар ин бора The Verge хабар медиҳад.

Тамғаи (логотип) нави Messenger бо услуби Instagram — бар ивази ранги кабуд, ки асоси тамғаи пешина буд, ранги гулобӣ истифода шуда, рангҳои бунафшу кабуд бошанд ҳамчун соя ба назар мерасад.

Ҳангоми муаррифии тамғаи нав зикр гардид:

«Тарҳи нав рамзи қабул ва фиристодани паёмҳоро ифода мекунад — зудтар, шавқовар ва ҳамгироии муошират бо наздикону оила дар барномаҳои дӯстдоштаи шумо тарҳрезӣ гардидааст.»

Инчунин, дар барнома якчанд функсияҳои  нав ворид карда мешавад, ки пеш аз ин дар тағйироти охирини Instagram пайдо шуда буданд. 

Баъди аз нав танзим кардани барнома аксуламал ба паёмҳо, фон ва стикерҳои нав барои селфиро метавонед истифода баред.  Ғайр аз ин, Messenger ҳолати «нопадид шудани паём» -ро илова мекунад. Яъне корбарон метавонанд пас аз хондан ё сӯҳбатро ба итмом расондан, паёмҳои нолозимро аз чат тоза кунанд.

Тавре дар Facebook хабар доданд, навовариҳо дар ояндаи наздик дастраси корбарон хоҳанд шуд.

Хотиррасон мекунем, ки чанде пеш Facebook чатҳои Instagram ва Messenger-ро якҷоя карда буд.

Нашрҳои монанд
СоҳибкорӣТехнологияҳо

“Huawei” ният дорад, ки смартфони “Honor” - ро ба ҳукумати Шэнчжен ва дигарон 15 миллиард доллар фурӯшад

Технологияҳо

Дар Хуҷанд системаи пардохти электронӣ ҷорӣ карда шуд

МаркетингТехнологияҳо

Дар Telegram имкониятҳои нав пайдо шуд

АндешаТехнологияҳо

WSJ: Авҷи истифодабарии нақлиёти барқӣ наздик аст.

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту