Технологияҳо

Facebook Shops – хизматрасонӣ барои таъсиси онлайн-мағозаҳо дар дохили шабакаҳои иҷтимоӣ

Facebook барои таъсиси онлайн — мағозаҳо дар дохили шабакаҳои иҷтимоӣ  хизматрасонии фурӯшгоҳҳоро барои дастгирии тиҷорати хурд дар давраи пандемия ҷорӣ кард. Ба гуфтаи ширкат, Facebook Shops ройгон ва сода аст.

Дар Facebook ва Instagram соҳиби тиҷорат метавонад маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро барои харидорон пешниҳод кунад, ки ин барои ҷалби харидор ва маъруфияти бренди маҳсулоту мағозаи худ бисёр имконияти муфид аст. Ин хизматрасонӣ барои ҳама гуна ширкатҳо новобаста аз андоза ва буҷеташ дастрас аст.

Сохтани онлайн мағоза дар Facebook

Ширкатҳо метавонанд “Facebook Shops”–ро  дар саҳифаи Facebook барои тиҷорат  ва ё дар  профили Instagram пайдо кунанд ва воситаҳоро дар ҳикояҳо ё эълонҳо кушоянд. Аз он ҷо, истифодабарандагон метавонанд ба каталоги маҳсулот рафта,  маҳсулоти писандидаашонро захира кунанд ва дар вебсайти беруна ё бевосита дар барнома фармоиш диҳанд, агар таҳвил дар ИМА коркард карда шавад.

Харидорон метавонанд бо мағозаҳо дар паёмнависӣ, WhatsApp ё паёмҳои шахсии Instagram пайваст шаванд.

Тавре Facebook қайд мекунад, хизматрасонии мағозаҳо дар моҳҳои наздик барои ҳама корбарон дастрас хоҳад буд. Дар оянда онҳо  имкони бе рафтуо анҷом додани хариду фурӯшро пайдо мекунанд.

Ҳадафи асосии навсозӣ осон кардани харид аст. Facebook мехоҳад ба ҳама гуна ширкатҳо дар оғоз кардани фурӯши онлайн кӯмак расонад, ки дар он ҷо харидор метавонад бо фурӯшанда тамос гирад, саволҳо диҳад ва мағозаҳоро пайгирӣ кунад. Ин тарзи осони хариду фурӯш ва ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ буда, тиҷоратро рушд медиҳад ва ба харидорону фурӯшандагон имкониятҳои васеъро фароҳам меоварад.

Нашрҳои монанд
СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Технологияҳо

Instagram: Ҳиссаи даромади реклама аз IGTV ба муаллифони видеоҳо пардохта мешавад.

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Wooppay: финтех-ширкати Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон дохил шуд.

Технологияҳо

Элон Маск ният дорад дар шаш моҳ интернети бепулро аз моҳвораҳои Starlink ба кор дарорад

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту