МаркетингТехнологияҳо

Дар Telegram имкониятҳои нав пайдо шуд

30 октябр дар паёмрасони Telegram тағйиротҳои нав ворид гардид. Инро дар саҳифаи блоги ширкат хабар доданд. Паёмакҳои насбшудаи 2.0 дар болои саҳифаҳо, рӯйхати мусиқиҳо, омори матлабҳои нашршуда ва дигар навигариҳо.

Донистан мехоҳед, ки ин чӣ гуна тағйирот аст? Пас матлаби зерини моро мутолиа кунед.

Насби паёмҳои бештар дар қисми болоии саҳифаҳо

Акнун шумо метавонед якбора якчанд паёмҳои муҳимро дар қисми як саҳифа насб кунед. Шумо метавонед ин паёмҳоро зуд иваз кунед ё тамоми рӯйхатро дар саҳифаи алоҳида бо зер кардани аломати сатри болоии чат  бинед.

Ин амал на танҳо дар гурӯҳҳо ва каналҳо, балки дар саҳифаи шахсӣ низ дастрас шуд.

Такмили маълумот оиди макони ҷойгиршавӣ

Ҳангоми маҳалли ҷойгиршавии худро пахш кардани дӯстонатон, шумо метавонед оиди ҳаракати онҳо огоҳ шавед. Бо истифода аз харита самти ҳаракати корбаронро метавоед мушоҳида кунед.

Рӯйхати мусиқиҳо

Ҳангоми фиристодани якчанд файлҳои мусиқӣ, шумо метавонед онҳоро дар рӯйхати мусиқиҳо гурӯҳбандӣ кунед. Ин тарзи истифода гӯш кардан, фиристодан ва шарҳ навиштан осонтар мекунад.

Шумо метавонед файлҳои формати дигарро низ ба ин тартиб ба дӯстон ё истифодабарандагони дигар фиристед. Мисли албомҳои акс, ҳар як файлҳои гурӯҳбандишударо алоҳида интихоб кардан мумкин аст.

Омори нашрияҳо дар каналҳо

Бо пайдо шудани имконияти навиштани шарҳ дар каналҳо муштариён фаъолтар шуданд. Акнун дар телеграм идоракунандагони каналҳо метавонанд аз воситаи дигари пайгирии вокуниши аъзоён огоҳ бошанд.

Илова бар омори умумии каналҳо, шумо метавонед омори муфассал барои ҳар як маводи нашршударо дастрас кунед. Аз ҷумла, омори каналҳои оммавиро, ки ба онҳо паём фиристода шудааст.

Аниматсияҳои нав дар Android

Ҳоло таҳиягарони барнома дар системаи Android илова кардани аниматсияҳои гуногунро идома дода истодаанд. Ин дафъа барои иваз кардани сурудҳо дар плеери мусиқӣ ва аломати паёмҳои фиристодашуда тағирот ворид гардид.

Навигарии дигаре барои корбарони Android: ҳангоми дидани акс шумо метавонед онро зуд таҳрир карда,  бидуни сабт дубора равон кунед. Барои ин шумо бояд аксро васеъ кунед ва нишонаи мӯқаламро (кисти) клик кунед — масалан, барои зуд иваз кардани порчаи дилхоҳ ё илова намудани стикер.

Тағйироти нави аниматсионӣ

Агар хоҳед, ки ба касе аломати рӯҳ ё арвоҳро фиристед, имконияти нави аниматсиониро истифода баред. Барои ноил шудан ба ин таъсир, шумо бояд яке аз аломатҳои ба он мувофиқро дар сатри паёмнависӣ ҳамчун паёми алоҳида фиристед. Агар шумо тобут ё акси кадуро клик кунед, аниматсия бо эффектҳои садо пурра карда мешавад.

Маслиҳат медиҳем Telegram-и худро аз нав боргирӣ карда, насб кунед ва сӯҳбати худро бо дӯстону рафиқон ҷолибтар намоед.

Нашрҳои монанд
СоҳибкорӣТехнологияҳо

“Huawei” ният дорад, ки смартфони “Honor” - ро ба ҳукумати Шэнчжен ва дигарон 15 миллиард доллар фурӯшад

Технологияҳо

Дар Хуҷанд системаи пардохти электронӣ ҷорӣ карда шуд

АндешаТехнологияҳо

WSJ: Авҷи истифодабарии нақлиёти барқӣ наздик аст.

Технологияҳо

Facebook дар Messenger тағйиротҳои нав ворид мекунад.

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту