АндешаТехнологияҳо

Чӣ гуна технология ба Кореяи Ҷанубӣ дар назорати эпидемияи коронавирус кӯмак кард.

Тавре  Forbes  менависад,  Кореяи Ҷанубӣ яке аз аввалинҳоест, ки ба эпидемияи COVID-19 ва ё коронавирус  дучор омада, барои пешгирии он мубориза мебарад.  Омор нишон медиҳад, ки  то 25 март шумораи умумии беморони коронавирус дар Корея 9037 нафарро ташкил дода, 128 нафар фавтида, 3730 нафарашон шифо ёфтанд.  

Мақомоти кишвар  ба нафароне, ки аз телефони мобилӣ истифода мебаранд тавассути шабакаҳои алоқа SMS маълумот мефиристанд.

Ба туфайли чораҳои андешидаи ҳукумат Кореяи Ҷанубӣ тавонист шумораи сироятшудагонро ва аз ҳама муҳим – фавтидагонро коҳиш диҳад.  Дар муқоиса бо Италия, Эрон, ки дар он ҷо сатҳи фавт баланд аст, дар Кореяи Ҷанубӣ шумораи фавтидагон кам ба назар мерасанд.

Чӣ гуна ба ин ноил шудан мумкин аст

Технология

Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ изҳор дошт, ки принсипи аввалиндараҷаи мубориза бар зидди коронавирус шаффофият ва санҷиши барвақтӣ мебошад.

Тамоми маълумоти лозимӣ оиди ин  вирус аз ҷумла маълумоти дахлдор дар бораи беморон бо ташхиси тасдиқшуда, инчунин онҳое, ки аз санҷиши коронавирус гузаштаанд барқарор ва ё фавтидаанд барои кулли аҳолӣ дастрас мебошанд.

Ба ин гуна беморон рақам таъин карда мешавад, ки мувофиқи он онҳо дар манбаъҳои бештари иттилоот пайдо мешаванд. Дар асоси маълумотҳои корти бонкии шахси сироятшуда ва дигар манбаъҳои маълумот дар бораи зиндагӣ, кор ва мавқеи зисти ӯ «харита» -и беморони эҳтимолии гирифтори коронавирус тартиб дода мешавад. Иттилоот дар бораи бемор дар шакли паёмҳои SMS ба ҳамаи шахсоне, ки чанде пеш бо ӯ тамос гирифта метавонанд, фиристода мешавад.

Санҷиш

Дар як муддати кӯтоҳ, ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ барои марҳилаҳои аввали ташхиси бемории коронавирус тавонистанд комплексҳои озмоиширо таҳия кунанд.

Аз ҷумла, санҷишҳо аз ҷониби ширкати “Seegene” – и Кореяи Ҷанубӣ имкон медиҳад, ки 100 беморро дар як вақт озмоиш кунанд. Ҳаҷми истеҳсоли ширкат — 10000 санҷиш дар як ҳафта  ва барои тафтиши як миллион нафар лозим аст, ки дар ҳафт рӯз тафтиш кунанд.  

Дар асл, озмоиши коронавирус ҳангоми набудани нишонаҳо дар Кореяи Ҷанубӣ ихтиёрӣ аст.

Бо мақсади роҳҳои осони пешгирӣ, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ марказҳои тиббии мобилиро кушоданд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, то дар дилхоҳ ҳолат аз ташхис гузаранд, ҳатто бидуни тарк кардани  нақлиёт.

Таҳлили ҳатмӣ ба он шахсоне дода мешавад, ки нишонаҳо доранд ё ба шахсони сироятшуда дар тамос буданд. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 10000-15000 одам аз санҷиш мегузаранд.

Тиҷорат

Ширкатҳои бузурги  ҷаҳонӣ аз қабили Samsung ва LG биноҳои худро аз ҷумла меҳмонхонаву марказҳои таълимиро барои таъмин намудани шумораи афзояндаи сироятёфтагон пешниҳод карданд, ки беморон муваққатан метавонанд дар он ҷо бистарӣ шаванд.

Ҳамин тариқ, Кореяи Ҷанубӣ қисман метавонист шумораи бештари сироятёфтагонро дар биноҳои ин ширкатҳо ҷой диҳанд.

Коллективизм

Ҷузъи муҳими мубориза бо коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ сатҳи нисбатан баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва коллективизм аст. Кореягиҳо барои чораҳое, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ дар давраи эпидемия тавсия шудаанд, дар аввалин фурсат иҷро мекунанд: ҳамагон барои пешгирӣ аз коронавирус аз ниқобҳо истифода мебаранд, қоидаҳои гигиениро риоя мекунанд ва дар маҷмӯъ барои саломатии худ масъуланд, ки дар ниҳояти кор ба саломатии умумии мардум мусоидат кунанд. Дар навбати худ, ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ пайваста принсипи шаффофиро дар самти иттилоъ додани шаҳрвандон дар бораи эпидемия риоя мекунад ва ба ин васила боварӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни ҳукумат ва ҷомеаро меафзояд.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Андеша

Дарсҳои тиллои: 7 дарс аз ҳаёти ҷониби Ричард Бренсон

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Технологияҳо

Instagram: Ҳиссаи даромади реклама аз IGTV ба муаллифони видеоҳо пардохта мешавад.

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту