АндешаТехнологияҳо

WSJ: Авҷи истифодабарии нақлиёти барқӣ наздик аст.

Бозори мошинҳои барқӣ назар ба оне ки мо тасаввур мекардем, хеле зудтар гарм хоҳад шуд, мегӯяд муаллифи The Wall Street Journal Кристофер Мимс. Ӯ дар мақолаи худ омилҳои зудтар дар ҷаҳон паҳн шудани мошинҳои барқиро дар фурсатҳои наздик номбар кардааст. Мехоҳед, ки ба зудӣ нақлиёти каммасрафро истифода бареду бо он сайру сайёҳат кунед? Ин ба шумо кай муяссар мешавад? Дар матни зер бихонед.

Аввалан, шуруъ аз соли оянда ширкатҳои истеҳсоли автомобилӣ тасмим гирифтаанд, дар мошинҳои барқӣ батареяҳои пурқувватро насб кунанд. Мошин бо ин гуна батарея пас аз як маротиба қувва додан, имкон дорад то 320 киллометр бе ягон қувваи иловагӣ (барқ) ҳаракат кунад.

Дуюм, ба бозори мошинҳои барқӣ ширкатҳои нав ворид мешаванд. Ҳамин тавр, имсол пайдоиши мошини барқии Chevrolet — Bolt EV дар назар аст. Тавре Паскуале Романо — роҳбари бузургтарин ширкати истеҳсолкунандаи истгоҳҳои барқдиҳии ҷаҳон “ChargePoint” – иброз медорад,  бо бештари ширкатҳои  калонтарини истеҳсолкунандаи автомобилӣ гуфтушунид карда, ният дорад мошинҳои дорои муҳаррикҳои барқӣ ва бензиниро истеҳсол кунад. Яъне шумо метавонед, пас аз ба итмом расидани сузишвории бензин дар мошинатон, ба ҳолатӣ барқӣ гузашта сафари худро идома диҳед.

Сеюм, шумораи истгоҳҳои қуввадиҳандаи автомобил босуръат меафзояд. Ҳамин тавр, дар ИМА имрӯз 30 ҳазор истгоҳҳои ChargePoint (истгоҳи қуввадиҳандаи автомобил) мавҷуданд. Барои муқоиса, дар иёлотҳо 90 ҳазор нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории классикӣ мавҷуданд.

Нашрҳои монанд
АндешаОморСоҳибкорӣ

Аз болоравии рублу доллар ва евро то уфти сомонӣ: эълони қурби асъор.

СоҳибкорӣТехнологияҳо

“Huawei” ният дорад, ки смартфони “Honor” - ро ба ҳукумати Шэнчжен ва дигарон 15 миллиард доллар фурӯшад

Технологияҳо

Дар Хуҷанд системаи пардохти электронӣ ҷорӣ карда шуд

Андеша

Сундар Пичай директори Google ду принсипи асосии ҳаёти муваффақро номбар кард

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту