АндешаТехнологияҳо

Абдуманнон Шералиев: Вирусе, ки чархи асосии иқтисоди ҷаҳонро шикаст.

Чӯбдастҳои хокейбозии Лигаи миллии хокейи Канада тамом шудаанд ва масъулини лига намедонанд бо ин мушкил чӣ гуна бархӯрд намоянд. То ин замон чӯбдастҳо бо супориши махсус дар Чин сохта мешуданд. Вируси куруно ва таътил дар бештари корхонаҳои саноатии Чин Лигаи миллии хокейи Канадаро ҳам бо мушкил рӯбарӯ кардааст. Ин шояд кӯчактарин таъсири куруновирус ба яке аз дуртарин нуқтаҳо аз Чин ва яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бошад. Дуруст мисли як мавҷи бисёр кӯчаки бод, ки дар дуриҳои дур аз маркази тӯфон эҳсос мешавад.

Ҷаҳон дар интизори як бӯҳрони азим

Дар асл ҷаҳон дар интизори як бӯҳрони шадиди молияву иқтисодӣ аст, ки назирашро башар кам дидааст. Куруновирус ба яке аз аслитарин чархҳои механизми иқтисоди ҷаҳон зарба зад, қисмате аз ин чархро хароб кард ва бо гумони ғолиб ин чарх дигар таъмирпазир нест. Ҳоло он бо мушкили зиёд гардон аст, механизмро дар ҳоли ҳаракат нигоҳ медорад, аммо имкони ҳар лаҳза аз кор монданаш вуҷуд дорад. Чархе, ки аз кор монданаш боиси ҳади ақал муддате боз истодани кулли механизм мешавад.

Ҳазорҳо, на, садҳо ҳазор корхонаву ширкатҳои бузургу миёнаву хурд чашм ба Чин дӯхтаанд ва дуъо мекунанд, ки Худо нокарда вирус чанд моҳи дигар идома кунад. Дар ин сурат захираҳои ин садҳо ҳазор корхонаву ширкат иборат аз ҳазорҳо намуд маҳсулот, ки дар Чин истеҳсол мешаванд, тамом мешаванд ва худи онҳо ҳам ҳади ақал барои муддате аз кор хоҳанд монд. Камтар корхонае сар аз корхонаҳои бузурги киштиву ҳавопаймосозӣ то корхонаҳои кӯчаки истеҳсоли масалан чароғи рӯимизӣ дар дунё вуҷуд дорад, ки ҳади ақал яке аз қисмҳои маҳсулоти истеҳсолмекардаашро аз Чин харидорӣ накунад. Чанд ширкати эстеҳсоли автомобил, аз ҷумла “Рено”-и Фаронса аз ташкили ситоди зиддибӯҳронӣ гузориш додаанд: бархе аз қисмҳои ин автомобилҳо дар Чин, аз ҷумла Ҳубей истеҳсол мешаванд.

Бозорҳои саҳҳоми ҷаҳон ҳам, ки дар интизори мӯъҷиза ва пирӯзии Чин ба вирус буданд, баъди шурӯъи густариши босуръати он дар ҷаҳон ба суқут шурӯъ карданд. Дирӯз, 24 феврал индексҳои бозорҳои бузурги саҳҳоми ҷаҳон суқути чашмгире доштанд: бозори саҳҳоми Лондон FTSE 100 3,3%, Dax — Олмон — 4%, FTSE Mib-и Итолиё — 4,5%, CAC-и Фаронса 40 — 5%. S&P 500 ва Dow Jones Амрико беҳ аз 3%-ӣ, гонконгский Hang Seng-и Ҳонконг 1,79%, Nikkei-и Ҷопон — 0,39%

Танҳо 500 нафар сарватмандтарин инсонҳои Замин дар якрӯз 140 миллиард долларро аз даст доданд. Албатта барои онҳо ин як “ҳеҳ” аст ва барои иқтисоди ҷаҳонӣ пули пучаке. Аммо ин танҳо аввалин шукуфаи (агар мешавад чунин иқтибос зад) бӯҳрони шурӯъшуда аст. Ба зуди ҳазорҳо чунин шукуфаҳо рӯнамоӣ хоҳанд кард.
Бинобар қатъи барқ корношоям шудани дегҳои ТАЛКО-ро ба хотир доред? Дар сурати чанд моҳи дигар идома кардани вирус, тақрибан ба ҳамин шакл ними иқтисоди ҷаҳонӣ барои муддате, ки тӯлашро ҳатто тахмин задан имкон надорад, боз хоҳад истод. Ва бо ҳамон шакле, ки ТАЛКО дубора ба кор шурӯъ кард, дубора гардон хоҳад шуд — бо додани қурбониҳои зиёд, аз даст додан вақт ва таҳаммули зарарҳои ҷуброннопазир.
Бӯҳроне, ки ин бозиистодани ниме аз механизми иқтисоди ҷаҳонӣ дар пай хоҳад дошт, аслан тасаввурнопазир аст. Бахусус барои кишварҳои ҷаҳони саввум.

Чин дигар Чини қаблӣ нест

Ин танҳо як тараф ва қисмати барои аксарият фаҳмотари масъала аст. Қисмати дигари он системаи молиявии Чин аст, ки дар вартаи азҳампошӣ қарор дорад. Бо гумони ғолиб аз ҳам пошидани он аллакай шурӯъ шудааст, вале бо кӯшиши ҳукумати ин кишвар (асалан бештари кишварҳо) ва ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ пинҳон дошта мешавад. Бо ин умед, ки ба ҳукумати Чин муяссар хоҳад шуд пеши роҳи мисли хоначаи кортӣ (карточный домик) фурӯ рехтани системаи молиявиашро бигирад.

Ҳанӯз қабл аз шуйӯъи вирус Бонки марказии Чин таҳлиле анҷом дода буд, ки натиҷааш бисёр нигаронкунанда аст: дар сурати то 5% поён рафтани рушди иқтисоди Чин (ҳоло он солона 7% аст), аз 30 бонки бузурги ин кишвар 7 бонки онро муфлисӣ интизор аст. Дар сурати 4% шудани ин нишондиҳанда, аз 30 бонк 17 тои он банкрот мешаванд. Коршиносони JP Morgan ба ин назаранд, ки дар семоҳаи аввал рушди иқтисоди Чин 1%-ро ташкил хоҳад дод. Ва ин бисёр пешбинии хушбинона аст: агар эпидемия куруновирус рӯзҳои наздик қатъ гардад ва иқтисоди Чин бидуни таконхӯрӣ ба кор шурӯъ кунад. Дар асл, иқтисоди Чин метавонад семоҳаи аввалро бо рукуд ба итмом расонад.
Муфлисшавии бонкҳои Чин на танҳо бозори молиявии ин кишвар, кулли бозорҳои молиявии ҷаҳонро ба бӯҳрони амиқе ворид хоҳад кард, ки таъсираш ба маротиб бештар аз бӯҳрони соли 1929 хоҳад буд, ки Афсурдагии бузург (Великия депрассия) ном гирифта буд.

Азҳампошии бозори молиявии Чин танҳо як қисмати мучибати иқтисоди ҷаҳонист. Тибқи таҳлили дигари анҷомдодаи як маркази таҳлилӣ дар Чин, беш аз 30 дарсади корхонаҳои ин кишвар камтар аз як моҳи дигар фурсат доранд. Дар сурати идома кардани вирус ба ин муддат ҳамаи ин корхонаҳо варшикаста шуда, аз фаъолият хоҳанд монд. Сеяки дигари корхонаҳои ин кишвар ду моҳ фурсат доранд.

Ҳоло аксари ширкату корхонаҳои ҷаҳон, ки бо Чин пайванд буданд, бо суръат дар паи пайдо кардани шарики дигар дар ақсонуқоти ҷаҳон ҳастанд. Маҳол аст, ки баъди пайдо кардани шарик дар кишвари дигар ё кишвари худашон ин корхонаҳо дубора барои ҳамкорӣ ба чиниҳо баргарданд. Чун ҳама якбора дар ҷаҳон дарси муҳиме гирифтанд: вобаста будан аз як кишвар авоқиби бисёр баде метавонад дошта бошад.

Фурӯпошии иқтисоди Чинро қабл аз вирус ҳам пешбинӣ мекарданд — рушди босуръат дар ҳама соҳаҳо ин кишварро асири худ карда буд. Суръати бузурги рушд бе омодасозии зерсохторӣ метавонад дар дилхоҳ фурсат яке аз ҳалқаҳои заъфи онро гусаста созад ва ҳама занҷира аз ҳам фурӯ пошад. Дарки ин заъф ва поён омадани рушди иқтисод аз 8 ба 6% ҳукумати Чинро маҷбур сохт таваҷҷӯҳро ба рушди талаботи дохилӣ равона кунад. Дар натиҷа сиёсати қарздиҳии саросарӣ пеш гирифта шуд, ки дар 10 сол боиси ба 35 триллион расидани қарзҳо гардид. Ин қарзи бузург бонкҳо ва системаи молиявии Чинро ба як варта қариб кардааст, ки замони сарозер шудан ба он бо суръат наздик мешавад.
Вирус на танҳо ба истеҳсолот дар дохил, балки ба тамоми пружаҳои Чин дар хориҷ низ зарбаҳои кушанда ворид мекунад. Аз ҷумла ба пружаи “Роҳи абрешим”. Ва пружаҳои Чин дар Тоҷикистон, ки ба он дар охири ин навишта хоҳем пардохт.

Рақибони иқитисодии Чин дар минтақаву ҷаҳон ҳам мехоҳанд аз ин фурсати ногаҳон пешипояшонафтода истифода кунанд. Дирӯз Трамп вориди Ҳинд шуда ва ҷуз ин ки бо ин кишвар дар фурӯши силоҳ ба маблағи 3 млрд долларро ба тавофуқ расид, тарҳи пайвастани Ҳинд ба пружаи “Нуқтаи кабуд”-ро (Blue Dot Network) матраҳ кард. Ин як пружаи зерсохторист ва рақиби “Роҳи абрешим”-и Чин хонда мешавад. Қаблан ба ин пружа таваҷҷӯҳ камтар буд ва танҳо Ҷопону Устролиё ба он пайваста буданд. Пайвастани Ҳинд онро ба пружаи воқеъии корӣ ва рақиби “Роҳи абрешим” табдил хоҳад дод. Ҳинд ҳам ба пружа манфиатдор аст — рушди босуръати ҳамсояи шимолиаш ва сармоягузориҳои он ба тамоми роҳҳои обиву заминӣ, ки баъдан ба вобастагиҳои онҳо аз Аждаҳои сурх оврада мерасонад ба Ҳинд чандон писанд нест.

Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки паёмади бӯҳроне, ки аз пайи вируси куруно сар хоҳад зад, ё аниқтараш сар задааст, аз паёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии соли 2008 ва бӯҳрони иқтисодии Русия дар соли 2013 барои Тоҷикистон ба маротиб бештар хоҳад буд. Бӯҳрони соли 2008 ба Тоҷикистон тақрибан таъсири мустақим надошт. Таъсири асосии он тавассути Русия ва муҳоҷирон расид. Таъсири бӯҳрони 2013-и Русия ҳам тавассути муҳоҷирон буд ва бояд гуфт бо гузашти қариб 7 сол то ҳанӯз асари он аз Тоҷикистон нарафтааст.

Бӯҳроне, ки дар назар аст бо таъсири вируси коруно шурӯъ шавад ба кишвари мо аз ду самт зарба мезанад — Чин ва Русия. Ҳанӯз паёмадҳои ин бӯҳрон ба иқтисоди Чин ҳисоб ва пешбинӣ нашудааст, аммо мутмаъинан он дуввумин иқтисоди ҷаҳонро за по дармеоварад. Интизор меравад беш аз ними бонкҳои ин кишвар муфлис шаванд. Чун ин кишвар сармоягузори асосии Тоҷикистон аст, бӯҳрони молиявиву иқтисодӣ дар он ба пружаҳояш дар Тоҷикистон таъсир хоҳад дошт. Албатта ин бештар аз он вобаста хоҳад буд, ки Чин дар бӯҳрон чӣ сиёсатеро пеш мегирад — ба экспансияи иқтисодиаш дар ҷаҳон идома медиҳад ё аз баҳри он гузашта таваҷҷӯҳашро бештар ба дохил равона мекунад. Бо гумони ғолиб таъсири бӯҳрон то ҳаде хоҳад буд, ки Чин маҷубр шавад яке аз ин дуро интихоб кунад. Дар сурати интихоби гузинаи аввал бояд саркӯбиҳои дохилиро ба маротиб афзоиш диҳад, чун мардуме, ки дар даҳ соли охир сатҳи зиндагиаш чанд баробар боло рафтааст, дубора ба фақр бармегардад ва имкони норозигиҳо зиёд мешавад.
Дар сурати интихоби гузинаи дуввум бошад, бояд аз бештари пружаҳои бузурги хориҷиаш даст кашад ё ҳади ақал онҳоро мутаваққиф кунад. Пружаи “Роҳи абрешим” яке аз аввалин пружаҳое хоҳад буд, ки сармоягузорӣ ба он мутаваққиф шавад, чун истеҳсолот дар Чин зарбаи шадид хӯрдааст ва агар вирус чанд моҳи дигар идома кунад, ниёзе ба “Роҳи абрешим” нахоҳад монд.

Сармоягузориҳои “Аждаҳои сурх” ба Тоҷикистон, бахусус қарзу грантҳои онро ҳам ҳамин тақдир интизор аст. Бо эҳтимоли зиёд бештари пружаҳои нотамом мутаваққиф шуда, қарзу грантҳои ҳатто тасвибшуда боздошта хоҳанд шуд. Бинобар ин ҳукуматро лозим аст ҳарчӣ сареътар дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативӣ шавад ва аз баҳри сохтмонҳое мисли парлумони нав ва боғу марказҳои тафреҳӣ бигзарад. Албатта ин имкон ҳам вуҷуд дорад, ки Чин гузинаи аввалро интихоб кунад, аммо ҳатто дар ин сурат ҳам дигар ин кишвар он “Ҳотами Той”-и қаблӣ нахоҳад буд. Зарбаи дуввуме, ки интизор меравад ба иқтисоди Тоҷикистон бирасад, боз аз ҷониби Русия ва муҳоҷирон аст. Русия бузургтарин зарбаро аз бӯҳрони Чин хоҳад хӯрд. Ин кишвар ба таъминкунандаи маҳсулоти хоми чинӣ аз қабили нафту гозу чӯб табдил шудааст ва бӯҳрон дар Чин содироти маҳсулотро хеле камтар мекунад. Аз сӯи дигар поён рафтани қимати нафту гоз иқтисоди Русияро, ки вобастаи ин ду маҳсулоти хом аст, дубора ба зону хоҳад даровард. Бештар аз соли 2008 ва 2013.

Мусибати Русия танҳо бо бӯҳрони бузургтарин харидори нафту гозаш ва поёнравии қимати онҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ тамом намешавад. Қабл аз вирус ҳам, баъди таҳдиди Путин, кишварҳои Аврупо ба ин натиҷа расида буданд, ки вобастагиашон аз гози Русияро камтар кунанд. Газпроми Русия бо суръат харидоронаш дар Аврупоро аз даст медиҳад ва ин пешбиниҳо ҳам вуҷуд доранд, ки ба зудӣ бузургтарин ширкати гоз дар ҷаҳон муфлис эълон ва ба чанд ширкати хурдтар тақсим шавад. Ин тасмими Аврупо ду содиркунандаи бузурги гоз — Қатар (гози табиӣ ва моеъ) ва Амрикоро (гози моеъ) водор кардааст ба ин бозори сердаромад шитобанд ва мавқеъи Русияро тангтар созанд. Таҳрими пружаи “Ҷараёни шимол-2” аз тарафи Амрико метавонад ин пружаро анҷомношуда боқӣ гузорад.

Аз ҷониби дигар Русия дар остонаи як ҷанги тамомайёр бо Туркия қарор дорад. Ин ҷанг (агар Худо накарда шурӯъ шуд) на танҳо зарбаи бузурги мустақим ба иқтисоди Русия ворид мекунад, балки эҳтимол медиҳад “Ҷараёни туркӣ”-и гози Русия аз тарафи Туркия баста шавад. Туркия кишвари узви НАТО аст ва ҷанги рӯбарӯи Русия бо ин кишвар метавонад ба вокунишҳои шадиди кишварҳои узви НАТО, аз ҷумла таҳримҳои иқтисодӣ ва ҳатто вориди ҷанг шудани онҳо гардад. Албатта баъид аст, ки ду кишвар ба ин номаъқулӣ даст зананд ва вориди ҷанги мустақим шаванд, вале бе он ҳам иқтисоди Русияро як бӯҳрони тахрибкори дигар мунтазир аст.

Дар натиҷа интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон бо шиддат кам шуда, бӯҳрони арзӣ шадидтар хоҳад шуд. Чанд соли охир Тоҷикистон ин камбудро аз ҳисоби қарзу грантҳо бартараф мекард. Аммо коруно на танҳо сиёсати қарзу грантдиҳии Чин, балки бештари грантдиҳандаҳоро тағйир хоҳад дод. Ҳади ақал чанд моҳи оянда тамоми кишварҳо машғули мубориза бо коруно ва сарфаи маблағ дар остонаи бӯҳрон хоҳанд буд. Замони бӯҳрон додани қарзу грант аз исрофкориҳои ғайри қобили қабул шуморида мешавад.

Мутассифона бӯҳрон метавонад ба қимати ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон — алюминий ва пахта ҳам зарба занад. Вирус садҳо корхонаи нассоҷӣ дар Чинро аз фаъолият боз доштааст. Пайдо шудани вирус дар дилхоҳ кишвар ҳам ба ҳамин натиҷа оварда мерасонад — корхонаҳое, ки имкони бархӯрди одамон бо ҳамдигар вуҷуд дорад, барои муддате баста мешаванд. Ҳамин ки ҳоло дар Чин ҳазорҳо корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ кор намекунанд, баъди чанд моҳи дигар талабот ба пахтаро хеле поин хоҳад бурд. Ин ҳама ба мушкили асосии Тоҷикистон — норасоии асъори хориҷӣ мушкил зам мекунад.

Норасоии арз бошад дар навбати худ ба кам шудани воридот оварда мерасонад. Бештари маҳсулоти хӯрокии кишвар, аз ҷумла талаботи аввал — орд, равған, шакар ва ғайра мутаассифона аз хориҷ ворид карда мешаванд. Албатта камбуди арз пеш аз ҳама ба воридоти мошинолот, маҳсулоти сохтмон ва ғайра таъсир мекунад, аммо воридот ҳам мустақиман яке аз пуркунандаҳои буҷа аст — аз он зимни воридшавӣ боҷ ва баъди фурӯш андоз ситонида мешавад.
Хулоса, ҳарчанд вируси коруно ба Тоҷикистон ворид нашудааст (ва Худо кунад, ки ворид нашавад) аз ҳоло кишварро асири худ кардааст.

Ояндаи иқтисоди Тоҷикистон (ва дар асл ҷаҳон) ба аълоҳазрат Коруно вобаста аст,. Ҳарчӣ зудтар ҷаҳон аз он халос шуд, бӯҳрони иқтисоди сабуктар ва ҳарҷӣ тӯл кашид, бӯҳрон шадидтар хоҳад буд. Ба ҷои дилбардорӣ: дар асл бӯҳрои иқтисодӣ ва ҳар бӯҳрони дигаре ҳам чандон даҳшатнок нест, ки тасвир мешавад. Бӯҳронҳо имкон медиҳанд бемориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ даво ёбанд, шароиту сохтору сиёсатҳо тағйир кунанд ва ҳатто режимҳое аз по дароянд. Яъне бӯҳрон, ҳарчанд мусибат аст, бо фарқ аз сармову боду селборон пеш аз ҳама алафҳои бегонаро нобуд месозад ва ба ҳазорҳо идеяҳои нав имкони арзи вуҷуд карданро фароҳам меорад. Иқтисоди ҷаҳонро ҳам алафҳои зиёди бегона пахш кардаанд ва замони тоза кардани онҳо кайҳо фаро расидааст.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Андеша

Дарсҳои тиллои: 7 дарс аз ҳаёти ҷониби Ричард Бренсон

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Технологияҳо

Instagram: Ҳиссаи даромади реклама аз IGTV ба муаллифони видеоҳо пардохта мешавад.

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту