СоҳибкорӣТехнологияҳо

Wooppay: финтех-ширкати Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон дохил шуд.

“Wooppay” фаъолияти худро дар Осиёи Марказӣ васеъ намуда, мавқеи худро дар бозорҳои аксарияти кишварҳо ба даст овардааст. Тоҷикистон сеюмин кишваре маҳсуб меёбад, ки дар он маҳсулоти ҳозиразамон аз финтекс – ширкати Қазоқизстон ба бозор ворид шудааст. Коргоҳи ширкат дар шаҳри Хуҷанд бунёд ёфтааст.

«Бисёре аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Қазоқистон кор мекунанд. Инчунин, хидматҳои ин ширкат дар кишвар фаъолона ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, мо имкон пайдо мекунем, ки маҳсулоти худро вориди бозор намоем” — мегӯяд директори  Wooppay Александр Дорошенко.

Дар муқоиса бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ, Тоҷикистон аз зумраи мамлакатҳоест, ки дар он шумораи зиёди ҷавонон ба назар мерасанд, ки ин як бозори ояндадор бо шумораи афзояндаи корбарон аст. Wooppay тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон чунин хизматрасониҳоро ба монанди ҳамён, woopkassa — хидматрасонӣ барои гирифтани корт дар вебсайтҳо ва замимаҳо барои соҳибкорон, платформаи тиҷорати мобилӣ барои операторони мобилӣ таҳия кунад.

Бахтиёр Қодиров, директори коргоҳи  Wooppay дар Тоҷикистон.

«Мо мехоҳем ба кишвар дар ҷорӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ кӯмак расонем. Ҳадафи мо сода ва амнияти равандҳои пардохти онлайнӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва инчунин пардохти ҳаққи хидматрасониҳои Тоҷикистон дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад ”- мегӯяд Бахтиёр Қодиров, директори коргоҳи  Wooppay дар Тоҷикистон.

Дар соли 2018  стартапи тоҷикии “BOT-Service” дар Боғи байналмилалии технологии IT-стартҳо “Astana Hub” дар шаҳри Нур-Султон фаъолияти худро оғоз намуд.  Барномаи суръатбахшии Astana Hub  барои рушди стартапҳои технологӣ дар се рӯз маҳсуб меёфт ва ҳадафаш сохтани тиҷорат тавассути мониторинг, омӯзиш ва дастгирии коршиносон  буд. Бозори Тоҷикистон ҳанӯз ба ҷорӣ кардани Интернет-эквайринг шурӯъ намуда буд, аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки дар ин  замина фаъолияташро боз ҳам бештар гардонад. Созмондиҳандагон бо яке аз бонкҳои маҳаллӣ дар бораи ҳамкорӣ созишнома бастанд ва ба таҳияи маҳсулоти «PayMon» шурӯъ карданд.

“PayMon” инчунин дар озмуни “Visa Everywhere Initiative» Ташаббуси Маркази байналмилалии молиявии Остона (AIFC) дар ҳамкорӣ бо Visa дар соли 2019 иштирок намудааст. AIFC мустақил буда, ба принсипҳои қонунгузории Англия асос ёфтааст, ки ба сармоягузорон ва ширкатҳо муҳити мусоид барои рушд фароҳам меорад. Яке аз самтҳои афзалиятноки он дастгирии лоиҳаҳои ояндадори финтекс тавассути барномаҳои  стартап маҳсуб меёбад. Ин ташкилок ҳамчунин дар ҷалби сармоягузорӣ, шарикӣ ва ғайра ба ширкатҳо кӯмак мекунад.  “Рушд ва густариши хадамоти финтекс дар минтақа яке аз вазифаҳои асосии AIFC мебошад. Мо аз он хурсандем, ки ширкати Қазоқистон бозори худро дар Осиёи Марказӣ густариш медиҳад, — гуфт Тарас Волобуев, коршиноси  финтекс.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту