Соҳибкорӣ

Tcell ва 55 Group ҳамкориҳои стратегиро ба роҳ монданд

14-уми ноябри соли ҷорӣ  дар бинои асосии ширкат ҳамкории судманди стратегӣ  миёни  Tcell  ва  55  Group ба имзо расид. Дар он директори генералии ширкат  Озодхон Давлатшоев ва муассиси 55 Group Дилшод Ҷураев  дурнамои рушди судманди ду ширкатро муҳокима карданд.  

55 Group аллакай шарикии худро бо ширкати Tcell идома дода, дар ҷумҳурӣ нақшаҳои иноватсионии варзишӣ, илмӣ ва дигарҳоро ба роҳ мондааст.

Дилшод Ҷураев  

муассиси  ширкати 55 Group қайд намуд, ки ҳамкорӣ бо Tcell бозори алоқаи Тоҷикистонро беҳтар намуда, фаъолияти ширкат ва нақшаҳои тиҷоратии онро  боз ҳам хубтар мегардонад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев изҳор дошт, ки  мо бо ширкати 55 Group  бисёр ҳамкориҳои наздик дорем. Ин ширкати бисёр фаъолу ҷавон мебошад ва бисёр ҳам нақшаҳои муҳими  инноватсиониро дар мамлакат ҷорӣ кардааст. Чунин муваффақият на ба ҳама ширкатҳо муяссар мешавад ва ман умед дорам, ки ҳамкориҳои мо тӯлонӣ идома ёфта, саҳми хешро дар  бозори мухобиротии Тоҷикистон мегузорад.   

Tcell — бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту