Соҳибкорӣ

Суғд: бунёди ду фермаи нави мурғпарварӣ ва фермаи чорводорӣ дар ноҳияи Деваштич

Дафтари матбуоти мақооти вилояти Суғд, эълон даштааст, ки дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони фермаи мурғпарварӣ барои 20 ҳазор сар аз ҷониби ширкати “Ҳоҷирасул” ва сохтмони фермаи чорводорӣ барои 350 сар чорвои хушзот аз ҷониби ширкати “Нури Дален” идома дорад.

Манбаъ зикр намудааст, ки сохтмони иншооти мазкур то ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон ба итмом расонида шуда, ба фаъолият оғоз менамоянд

Гуфта шудааст, ки дар он 50 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин гашта, бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти хушсифат- тухми парранда ва гӯшти моли калон таъмин хоҳанд кард.

Ҳамчунин мнабаъ хабар додааст, ки дар ин ҷамоат сардхона барои 400 тонна маҳсулот, нуқтаи ченаки вазни маҳсулот ва маркази хизматрасонӣ бунёд мегардад.

Ин иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ бо маблағгузории зиёда аз 4 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст”, — таъкид доштааст мақомоти вилояти Суғд. Мақомоти вилоят амалӣ шудани чунин иқдомотро дар ноҳияи Деваштич омили рушди иқтисодӣ ноҳия арзёбӣ карданд.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту