Соҳибкорӣ

Cоҳибкори тоҷик аз Монако дар ширкати «Алиф» сармоягузорӣ кард

Ҳофиз Шаҳидӣ соҳибкори шабакаи логистикӣ  дар Аврупои Ғарбӣ ва мутахассиси пуртаҷрибаи молияи Британияи Кабир  дар ширкати «Алиф» сармоягузорӣ карда, соҳиби 25% саҳмияҳо гардидааст.

«Дар муддати кӯтоҳи мавҷудияти худ,  ширкати “Алиф” тавонист, ки барои Тоҷикистон бисёр лоиҳаҳои нодирро татбиқ кунад. Ин  боиси босуръат рушд намуданаи ширкат дар ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб меравад. “Алиф” дар таълим ва рушди кадрҳои ҷавон саҳми бузург гузоштааст. Ман аз созишномаи бо ширкат баста  ва имкони саҳмгузорӣ дар рушди бахши молиявии кишвари маҳбубам хеле шодам. ” — гуфт Ҳофиз Шаҳидӣ.

Роҳбари ширкати “Алиф” Абдулло Қурбонов зикр намуд, ки сармоягузориҳои бадастомада барои рушди ҳадафҳои созмон шароитҳои мусоидро фароҳам меорад.  “Алиф” аллакай дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон  ширкати худро кушода, ба фаъолият оғоз намудааст.

«Аз ҷумла, барои тавсияи  экосистемаи молиявӣ барои муштариён ва шарикон таҳия ва такмили маҳсулоти рақамӣ, равона карда шудаанд. Системаи автоматикии бонкии “Alif”, ки аз ҷониби мо таҳия шудааст, аллакай таваҷҷӯҳи бонкҳои хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.  Ҳамёнҳои мобилии Alif  mobi барои пардохтҳо ва интиқоли  ғайринақдӣ дар байни сокинони мамлакати мо шӯҳрат пайдо кардаанд ва омодаанд ба бозорҳои дигар кишварҳо ворид шаванд.  Дохил намудани чунин як соҳибкори ботаҷриба ба монанди Ҳофиз Шаҳидӣ ба саҳмиядорон ва шӯрои нозирон ба рушди ҳадафҳои стратегии созмон такони бештар хоҳад дод » гуфт ӯ.

Ҳофиз Шаҳидӣ як соҳибкори тоҷик аст, ки дар Монако зиндагӣ мекунад.  Вай писари композитори машҳур Толибхон Шаҳидӣ мебошад. Фаъолияти касбии Шаҳидӣ дар бахши бонкии Лондон оғоз ёфтааст. Соли 2000 ба кор дар “Crеdit Agricole Indosuez” қабул шуда, дар соли 2002 директори BSI Bank шуд. Вай дар якчанд муассисаҳои молиявӣ мавқеи роҳбариро ишғол карда, соли 2008 сандуқи сармоягузории хусусиро таъсис дод, ки ба намудҳои гуногуни дороиҳо — аз амволи ғайриманқул то муомилоти ғайриҳукуматиро дар бар мегирад.

Ширкати “Алиф Сармоя” соли 2014 ҳамчун ташкилоти қарзии хурд таъсис ёфта,  ба бозори бонкӣ  маҳсулоти наверо  ворид кард, ки шабеҳи он дар Тоҷикистон дида намешуд. Ҳамин тариқ, ширкат қарзи бефоизи истеъмолӣ, пасандоз дар асоси тақсими даромад ба ҷои фоизҳои муқарраршуда ҷорӣ намуд ва аввалин мағозаи онлайнии худро  дар Тоҷикистон бо номи  alif shop кушод.  Айни ҳол ҳамёни мобилии alif mobi дар Тоҷикистон  фаъолият намуда истодааст, ки  маъмултарин бахши молия дар барномаҳои  App Store ва Play Market-и Тоҷикистон мебошад.

Имсол  «Алиф» дар Узбекистон як бахши фаръии  Alif Tech — ро барои кор дар соҳаи POS — маблағгузорӣ  кушод, ки он  бо истифода аз платформаи бисёрфунксионалии онлайни фаъолияти пурсамареро пеш мебарад.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту