Шарикони асосии Тоҷикистон дар содироти мол Швейтсария, Туркия, Қазоқистон, Афғонистон ва Узбакистон ба ҳисоб мераванд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба «Авеста» иттилоъ доданд, дар содироти молҳо Швейтсария нисбати дигар кишварҳо фаъолтар буда, 57,9% ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳад.
Туркия, ки бо Тоҷикистон дар содиру ворид намудани молу маҳсулот робита дорад аз ҷониби воридоту содироту молу маҳсулот нисбати Шветсария чандин маротиба камтар буда, ҳаҷми умумии содироти ин кишварро 12,4% ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми содироти мол ба Швейтсария беш аз 693,1 миллион доллар ва мувофиқи нишондиҳандаи охир ҳаҷми воридот дар давраи муайяншуда беш аз 4,4 миллион долларро ташкил додааст.
Ҳаҷми мубодилот бо Туркия бошад дар ин давра дар маҷмӯъ беш аз 235,1 миллион долларро ташкил намуда, беш аз 147,7 миллион долларро содироти молҳо ва зиёда аз 87,4 миллион долларро воридоти маҳсулоти гуногун ташкил додааст.
Мувофиқи таҳлилҳои тадқиқотчиён барзиёдии назарраси ҳаҷми содирот нисбат ба воридот дар мубодилоти тиҷоратӣ бо Швейтсария 683,3 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ба рӯйхати молҳои асосии содиротии хориҷӣ инҳо дохил мешаванд:
- металлҳои қиматбаҳо,
- алюминийи аввалия,
- нахи пахта
- меваҳои хушк
Воқеан, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, беш аз 58% содироти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
Ҳаҷми умумии воридоти молҳо ба Тоҷикистон аз дигар кишварҳо ба таври зайл нишон дода шудааст:
- Русия — 31,2%
- Қазоқистон — 23,6%
- Чин — 14,4%
Дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳаҷми содироти молҳои Тоҷикистон ба дигар кишварҳо 1 миллиарду 189 миллион доллар ва воридоти молу маҳсулот бошад беш аз 2 миллиарду 231,3 миллион долларро ташкил додааст.