АндешаСоҳибкорӣ

Шералӣ Ҷӯрабоев: Коронавирус — чӣ гуна тиҷоратро дар чунин шароити номусоид нигоҳ бояд дошт.

Мушкилоти асосии иқтисодии вобаста ба пандемия бо вуҷуди эҳтимолияти карантин  қатъ гардидани занҷирҳои таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, коҳиши истеъмол ва истеҳсол  ва болоравии нархҳо мебошад.

Ин мушкилот на танҳо ба тиҷорат, балки ба ҳар як шаҳрванд низ таъсири худро мерасонад. Дар дилхоҳ самт ба ҳар буҷаи давлатҳо ва ё самтҳои фаъолиятнокии иқтисодиву иҷтимоӣ таъсири ин вабои аср баръало мушоҳида мегардад ва дар шароити бӯҳрон, пеш аз ҳама, тиҷорат зарар мебинад, одамон ҷойи кории худро аз даст медиҳанд ва қобилияти баргардонидани қарзро надоранд.

Истеҳсолкунандагони ватанӣ набояд нархи маҳсулотро баланд бардоранд, чунки дар ин шароити душвор бо вуҷуди он ки хароҷоти нақлиёт вуҷуд надораду пардохти боҷҳои гумрукӣ барои ворид кардани маҳсулот дар сарҳад мавҷуд нест, бояд маҳсулоти истеҳсолшудаи ватанӣ барои мардум бо нархҳои нисбатан арзон дастрас бошад.

Аммо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминоти истеҳсолот аз хориҷа вобастагии калон дорад. Аксари тоҷирони мо  дар бозорҳои ҷаҳонӣ мекӯшиданд то маҳсулоти нисбатан арзонро харидорӣ кунанд ва чунин имкониятро онҳо дар Чин пайдо намуда буданд.

Илова бар ин, бархе аз истеҳсолкунандагони ватанӣ на ба сохтани брендҳо, балки бо истеҳсоли маҳсулот машғуланд. Аз ин рӯ, бисёре аз истеъмолкунандагон сабаби харидани маҳсулоти ватаниро намебинанд ва онҳо бештар майл ба харидории маҳсулоти арзон мекунанд.

Маълум аст, ки маҳсулоти арзон ба талаботи истеъмолкунандагон қодир нест, вале ин боз боиси ноумедӣ дар сифати маҳсулот  гашта метавонад.

Барои ба буҳрон гирифтор нашудан, пешакӣ дар бораи  пайдо намудани арзишҳои иловагӣ тавассути таҳкими брендҳо ва ё барномаҳои комуникатсионӣ фикр кардан муҳим аст. Вале дар чунин шароити душвор мо ба кам шудани фаъолнокии истеъмолкунандагон дучор меоем.

Бӯҳрон аз нуқтаи назари тиҷорат  чӣ гуна аст?

Ин аст, ки вақте шумораи харидорон кам мешавад, миқдори фурӯшандагон ҳамоно боқӣ мемонад ва ба онҳо муяссар мешавад, ки ё тиҷорати худро пӯшанд ва ё барои беҳтар шудан ва мавқеъ пайдо намудан миёни харидорон кӯшиш намоянд.  

Тағйирот на танҳо дар ҳаҷми харид, ҳамчунин боиси бештар харид кардани маҳсулот яку якбора маҳсуб меёбад.  Агар шумо қаблан маҳсулоти худро бе мамоният  харида будед, ҳоло дар чунин вазъият истеъмолкунанда  ба фикру ҳиссиёт шуруъ мекунад.

Дар чунин ҳолат чӣ кор кардан мумкин аст?

Брендҳои машҳур ду хусусияти муҳим доранд:

  • дастрасии ҷисмонӣ
  • дастрасии рӯҳӣ

Дастрасии ҷисмонӣ чист?

 Ин ҳам роҳи муфид барои харидор ва ҳам сифати хидмат аст. Технологияҳои нав ба шумо имкон медиҳанд, ки Шумо аз мизоҷон дар фосилаи муайян қарор гиред. Хизматрасонии технологяи нав ҳангоми гузаштани мизоҷ аз назди маҳсулот тавассути нуқтаҳои махсуси фурӯш сифат ва ҷаззобияти маҳсулотро ба маротиб меафзояд.

Дастрасии равонӣ мушкилтар аст.

Харидор бояд ба саволи зерин ҷавоб ёбад: «Барои чӣ ман  аз миёни ҳамаи маҳсулот, ки маро таъмин карда метавонанд, махсусан ҳаминро интихоб кунам?». Ин ҷо ба мо барномаи алоқаи муназзам ва мунтазам лозим аст. Воқеан, таҷрибаи ширкатҳое, ки бӯҳронҳои қаблиро бомуваффақият паси сар кардаанд, ҷараёни инкишофро дар бораи зарурати сармоягузорӣ ба хизматрасонӣ ва таблиғ дар шароити коҳиши талабот тасдиқ мекунад.

Истеҳсолкунандагони ватанӣ (дар аксари ҳолатҳо) ба ин кам аҳамият медиҳанд ва дарк накардани нақши таблиғот ҳангоми тавлиди фурӯшро ба инобат намегиранд. Бо маҳсулоти истеҳсолмекардаи худ онҳо бовар доранд, ки ҳамаи муштариёни эҳтимолӣ дар бораи маҳсулот на камтар аз худ медонанд. Бинобар ин барои таблиғи маҳсулоти хеш, ки каме ҳам бошад харҷи саривақтиро талаб мекунад, машғул намешаванд.

Пас чӣ гуна тиҷоратро дар ҳолати бӯҳрон нигоҳ дорем?

Аввалан, дар хотир доред, ки нархи пасттарини маҳсулот зинда мондани тиҷорати шуморо кафолат намедиҳад.

Дуюм, бо мақсади  аз даст надодани тиҷорат, ба шумо лозим аст, ки ба истеъмолкунанда бештар маҳсулотҳои босифат ва ба талаботи харидор мувофиқу муносибро пешниҳод созед, то маҳсулоти Шумо дар чунин буҳрон харидори худро пайдо карда тавонад. Барои ин инчунин тавассути сармоягузорӣ ба барномаҳои коммуникатсионӣ ва ё рекалама намудани он метавон муваффақ шуд.

Сеюм, раванди харидро осонтар кунед ва шумо мизоҷони бештар қонеъкунанда гиред.  Ин ҳолатҳо шояд барои баъзеҳо ҷолиб набошанд, аммо метавонанд дар ҳолати буҳрон тиҷорати Шуморо мустаҳкам нигоҳ доранд.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Андеша

Дарсҳои тиллои: 7 дарс аз ҳаёти ҷониби Ричард Бренсон

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту