Соҳибкорӣ

Рӯшди моҳипарварӣ дар Тоҷикистон се баробар афзоиш ёфт.

Тавре Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи хоҷагии моҳипарварӣ ба 2 749,3 тонна расидааст.  

Ҳамзамон, дар  ин давра ҳаҷми даромад аз фурӯши моҳӣ 5.374 миллион долларро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда  нисбат ба соли 2018 31,2% зиёд ба назар мерасад.

Манбаъ меафзояд, ки дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Хатлон  2336,3 тонна моҳӣ, вилояти Суғд  369,9 тонна ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 48,1 тонна моҳӣ парвариш ёфтааст.

Миқдори асосии сайди навъҳои гуногуни моҳӣ дар Тоҷикистон чунин ба назар мерасанд. Толстолобик (547,4 тонна), карпати оддӣ (179,5 тонна), карпати алафӣ (233,1 тонна), гулмоҳӣ (42,2 тонна), суфмоҳӣ (28,5 тонна).

Инчунин, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2018 дар Тоҷикистон 1 247 тонна моҳӣ ба маблағи тақрибан 2,5 миллион доллар истеҳсол шудааст. Шоистаи зикр аст ки, аз ҳама музди меҳнати камтарини кормандони моҳипарварӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 586 сомонӣ дар як моҳ ё  бештар аз 60 доллар мебошад.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту