СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Муассиси ширкат ин изҳоротро дар ҳоле боз карда буд, ки дар Русия бо сабаби қулф будан мардум наметавонистанд аз он истифода баранд.

Павел Дуров:TechCrunch Disrupt Europe Berlin 2013

Даъвои мақомоти Русия ба Telegram дар соли 2017 пас аз он рух дод, ки ин ширкат супоридани  ФБС – калидҳоро барои рамзкушоии паёмҳо рад кард. Бинобар ин, моҳи октябри соли 2017, мессенҷер 800ҳазор рубл ҷарима гардид ва дар баҳори соли 2018 он баста шуд.

Ҳамчунин, соли 2019 дар Роскомнадзор эътироф гардид, ки бастани Telegram танҳо имкон дошт, ки кори он суст шавад. Дар моҳи июни соли 2020, Роскомнадзор ҳама чизро дар мавриди маҳдудиятҳо эълон кард ва инро ҳамчун «омодагии асосгузори Telegram дар мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм» шарҳ дод.

Муассиси Telegram Павел Дуров ҳамаи корбарони русро бо ин хабари хуш табрик гуфт ва изҳори умед кард, ки ин тағирот дарозмуддат  боқӣ мемонад.

Оиди мавзӯи калидҳо ва ФБС Дуров итминон дод, ки дар масъалаи ҳифзи маълумоти шахсӣ ҳеҷ гуна тағйирот ворид карда намешавад: «Ҳуқуқ ба дастрасии маълумоти шахсии истифодабаранда ва махфияти мукотибаи шахсӣ принсипи асосии Telegram дар тамоми кишварҳо мащсуб меёбад” иброз дошт Дуров.

Моҳи ноябри соли 2019 Павел Дуров оиди  махфият ва амнияти Telegram сӯҳбат кард. Баъдан маълум шуд, ки ширкат бо  Europol ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамкориҳои зич дорад.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

Соҳибкорӣ

Бонки "Алиф"-ро ним миллион сомонӣ ҷарима бастаанд

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту