АндешаСоҳибкорӣ

Офтоб, баҳр ва Facebook: Субҳи бобарори ҷаноби Ричард Брэнсон

Аҷиб аст, ки соҳибкори муваффақи сайёра Ричард Бренсон маросимҳои тозаи субҳро риоя мекунад ва ӯ субҳи худро бо як шаҳомати махсус оғоз менамояд, ки ин ғайриоддӣ ба назар мерасад.

Дар зиндагӣ ман ба ҳама чизи рӯ ба рӯ шуда омодаам, махсусан барои хатарҳои ногаҳонӣ. Бо вуҷуди ин, ман расму оинҳои субҳгоҳиву шомгоҳӣ дорам, ки дар зиндагӣ бисёр ҳам руҳияи маро қавӣ мегардонанд.  Ман боварӣ дорам, ки оғози рӯзи хуб барои муттамарказ шудан ва ба даст овардани чизҳои зарурӣ кӯмак мерасонад. Дар ин ҷо субҳи муқаррарии худро мухтасар тавсиф мекунам ва фикр дорам, ки он ба Шумо заррае манфиатовар маҳсуб меёбад.  

Дар куҷое, ки набошам барвақт хоб меравам ва субҳгоҳон одатан соати 5 аз хоб мехезам. Бо пардаҳои кушода хоб кардан бисёр бароям завқманд аст, зеро ҳангоми бархестан, назар кардан ба нури офтоб касро барои хушбахт шудан ба рӯзи оянда бисёр ҳавасманд мегардонад.

Агар дар наздикӣ майдончаи теннис бошад, ман одатан барои саломатӣ ва руҳияи хуб ба бозӣ меравам. Агар  набошад, пас ман ба пиёда рафтан, давидан ё велосипедронӣ  машғул мешавам. Агар баҳр ва ё дарё наздик бошаду шамоли форами субҳгоӣ имкони вазидан пайдо кунад ҳатман он ҷо каме сайр мекунаму аз зебогиҳои субҳ лаззат мебарам.

Сипас, вақти наҳорӣ фаро мерасад ва ман одатан меваҷот ва ё хӯрокҳоеро истеъмол менамоям, ки  нерӯи маро барои саёҳатҳои рӯзона қавӣ гардонанд. Пас аз наҳорӣ, ман бо ҳамсарам Ҷоан чой менӯшам. Тақрибан дар як рӯз то 20 пиёла чой. Агар фарзандони мо Холли ва Сэм ва оилаҳои онҳо бо мо набошанд, пас ману ҳамсарам ба онҳо тавассути телефон ё зангҳои видеоӣ суҳбат мекунем.

 То вақти корӣ шурӯъ шудан, машқи пагоҳирӯзӣ ва гузаронидани вақт бо оилаам маро ба самти дуруст ҳидоят мекунад. Барвақт хестан низ хосияти хубе дорад, зеро Шумо метавонед то оғози фаъолияти корӣ субҳи худатонро хуш гузаронед. Ман дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё зиндагӣ мекунам ва субҳгоҳӣ барвақтар ба кор меравам, ки ин одат бароям хело маъқул аст. Субҳи ман одатан бо шабакаҳои иҷтимоӣ хотима меёбад. Ман ҳар рӯз ба Facebook, Twitter, LinkedIn ва Instagram ташриф овардан ва дар бораи ҳаёти худ нақл кардану мубодилаи шарҳҳоро меписандам. Шабакаҳои иҷтимоӣ  воқеан ҷолибанд ва ба одамон имкони сухан гуфтанро медиҳанд, ки ин барои ҳамагон муфид  маҳсуб меёбад аз ҷумла барои ман.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Андеша

Дарсҳои тиллои: 7 дарс аз ҳаёти ҷониби Ричард Бренсон

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту