Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

Шумо мехоҳед кори худро шурӯъ кунед, идеяҳои тиҷоратиро татбиқ намоед, ба корҳои эҷодӣ ва таълимӣ машғул шавед, аз фосилаи дур кор кунед, вале имкони иҷораи утоқи кории комил надоред? Коворкинг ҳалли олии ин масъала аст. Баландшавии нархҳои иҷораи утоқи корӣ барои онҳое, ки фаъолияти кории худро аз нав шурӯъ мекунанд боиси ба вуҷуд омадани масъалаҳои иқтисодӣ мегардад. Коворкинг дар Тоҷикистон нав ба фаъолият шурӯъ намудааст ва барои соҳибкорон, стартапҳо имконияти хубе низ ба ҳисоб меравад. Акнун соҳибкорон тавассути коворкинг соҳиби интихоби зиёде мебошанд.    

Коворкинг як фазои маъмул барои кор ва фаъолияти эҷодӣ аст, ки ба соҳибкорон имконият медиҳад, то фаъолияти худро самаранок пеш баранд. Коворкинг соҳибкорони навкорро бо ҳама чизҳои барои кор зарурӣ таъмин менамояд — мебел, компютер, таҷҳизоти маъмурӣ, интернети дастрас. Ҳамчунин, коворкинг дар фазои маъмул одамонро бо намудҳои гуногуни шуғл муттаҳид мекунад, ки хоҳони кор кардан дар хона ва ё дафтарро надоранд.

Коворкингҳои машҳури имрӯзаи Тоҷикистонро Шумо метавонед инҷо пайдо кунед:

Puzzle Coworking, @puzzle_tj.

Ин коворкинги муосир —  дорои майдони васеъи кор, муҳити эҷодӣ ва таҷассуми ғояҳои нав буда,  дар Душанбе ҷойгир аст.

Дар қаламрави  коворкинг  50 ҷои кори муҷаҳҳаз пешниҳод шудааст. Аллакай  2 утоқи конфронс, толори презентатсия, толори маҷлис, ҷои кор, минтақаи истироҳат, ҳуҷра барои ашёи шахсӣ ва ошхона сохта шудаанд. Дар ояндаи наздик бунёди китобхона, лабораторияи санъат ва веб-лаборатория ба нақша гирифта шудааст. Майдони корӣ бо захираҳои зарурӣ барои кори босифат ва самарабахш — интернети баландсуръат, таҷҳизоти маъмурӣ ва дигар воситаҳо муҷаҳҳаз шудааст.

Ба сокинони ҳамкорон дастрасии шабонарӯзӣ ба ҷои кор,  ширинӣ ва нӯшокиҳои бепул, ҷойҳои кории мувофиқ,  толорҳои дорои мебелҳои ҳозиразамони, утоқҳои маҷлисӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Регус Тоҷикистон, @regus_tajikistan

Яке аз коворкингҳои машҳури дигар, ин Регус Тоҷикистон мебошад, ки дар Душанбе ҷойгир буда, ба Шумо имкон медиҳад, ки идораҳоро барои як соат, рӯз, ҳафта, моҳ ва ё якчанд сол иҷора гиред.

Дар ин ҷо шумо метавонед як утоқи кории пурра муҷаҳҳазшудае иҷора гиред, ки масоҳати он дар натиҷаи рушди тиҷорат барои як шахс ё тамоми коллектив зиёд карда мешавад. Интихоби идораҳо ихтиёрӣ буда, вобаста ба завқу хоҳиш метавонед офиси дилхоҳатонро интихоб кунед.

Дар ин коворкинг Шумо нархи ягонаи иҷораро пардохт менамоед, ки он дар дохили худ мебел, Wi-Fi, телефон, хадамоти коммуналӣ дорад ва Шумо бояд ба таври иловагӣ танҳо барои хароҷотҳо, аз қабили қаҳва, инчунин барои зангҳо ва чоп кардани ҳуҷҷатҳо пардохт кунед. Коворкинг ба Шумо имкон медиҳад, ки фаъолиятҳои худро бидуни ҷойгоҳи муқарраршуда созмон диҳед ё ҷои кори мушаххасро муттаҳид кунед — ин ҳама аз афзалиятҳои корбарон вобаста аст.

Барои барқарор намудани тамосҳои нав, шиносоӣ бо дигар соҳибкорон ва интиқолдиҳандагон, мубодилаи ғояҳо ва кашф кардани имкониятҳои нав барои худ ва тиҷорати шумо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Samo Coworking, @ samo.coworking

Коворкинги машҳури дигар Само – коворкинг ба ҳисоб меравад, ки дар Хуҷанд ҷойгир аст. Он имконият фароҳам меорад, ки ҷойи корро барои  як маротиба ё доимӣ ба иҷора гиред, танҳо ё бо гурӯҳ кор кунед, музокираҳо ва тренингҳои шахсӣ гузаронед.

Дар коворкинг иҷора гирифтани ҷойҳои кори ягона, офисҳои хурд, утоқи конфронс ва офис барои гуфтушунид имконпазир аст.

Parking – Таваққуфгоҳ бо майдони васеъ, @parkingdushanbe

Муассисаи дигаре, ки ба шумо иҷораи ҷойҳои кориро бо пули кам медиҳад ин @parkingdushanbe мебошад, ки чанде пеш дар пойтахт кушода шудааст. Он аз се минтақа иборат аст. Якум қаҳвахона дуввум, майдони бозӣ ва сеюм лаборатория мебошанд, ки дар он ҷо толори хониш ва ҷои кор барои коворкинг мавҷуд аст. Утоқҳои корӣ дар @parkingdushanbe бо мебел, таҷҳизоти маъмурӣ ва интернет  таҷҳизонида шуданд.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Соҳибкорӣ

Бонки "Алиф"-ро ним миллион сомонӣ ҷарима бастаанд

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту