ОморСоҳибкорӣ

Ҷефф Безос муассиси Amazon дар 15 дақиқа беш аз $13 млрд бойтар шуд

Муассиси шикрати Амазон Ҷефф Безос дар зарфи 15 дақиқа дороии худро 13,2 млрд доллар зиёдтар кард. Ин ба туфайли босуръат болоравии саҳмияҳои Amazon рӯзи 30 январ ба андозаи 12% — то 2,1 ҳазор доллар имконпазир гардид.

Тавре Bloomberg менависад, афзоиши арзиши саҳмияҳо дар натиҷаи мувафафқона ҷамъбаст шудани ҳисоботи семоҳаи фаъолияти ширкат, ки пешгӯиҳои таҳлилгаронро комилан нодуруст баровард, муяссар шуд. Amazon дар бораи даромад ба маблағи 87,4 млрд доллар, фоида аз саҳмияҳо дар ҳаҷми 6,47 млрд доллар (коршиносон $4,11 млрд интизорӣ доштанд) ҳисобот дод.

Дороии Безос, ки 12%-и Amazon ба ӯ мансуб аст, тақрибан то 129,5 млрд доллар афзуд. Bloomberg саҳеҳ мекунад, ки дар рейтинги Billionaires Index-и ӯ ин тағйирот алҳол сабт нашудааст: индекс пас аз баста шудани савдо рӯзи ҷумъа, 31 январ нав мешавад. Forbes дороии Безосро 116 млрд доллар арзёбӣ мекунад.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Омор

Нархи газ дар Тоҷикистон 35% боло рафт

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту