ОморСоҳибкорӣ

Илон Маск баъди муаррифии мошини Tesla 770 млн долларашро аз даст дод!

Роҳбари ширкати Tesla милиардер Илон Маск автомобили сабукрави электрикии наверо бо номи Cybertruck  муаррифӣ кард, ки баъди он аз ҳисоби ӯ 750 млн доллар кам шуд.

“Ба шумо мошини боэътимод лозим аст, на қалбакӣ. Шумо ба мошине ниёз доред, ки ба зарбаҳои сахт тоб оварад ва талаботи шуморо қонеъ карда тавонад.»- гуфт Маск дар бораи мошини сабукрави зудҳаракат.

Барои исбот кардани он ки ӯ танҳо чунин мошинро сохтааст, Маск фармуд, ки бо олоти оҳанин ба шишаи зиреҳпӯши тирезаи мошин зарба зананд, аммо баъди зарбазанӣ шишаи мошин шикаста, ҳамаро ба ҳайрат гузошт.  Сабаби шикастани тирезаро Маск ҳам намедонист ва  аз онҳое, ки барои тамошои намоиш омада буданд, узрхоҳӣ карда, гуфт, ки дар муддати наздик ислоҳ мешавад.

Намоиши мазкур талаботи  сармоягузоронро қонеъ накарда, пас аз анҷоми муаррифӣ саҳмияҳои ширкати Tesla 6% коҳиш ёфт, ки дар натиҷа сарвати Маск 768 миллион доллар кам шуд.  

Таҳлилгарон низ оиди ҳодисаи рухдода ақидаҳои мухталифро пешниҳод намудаанд. Шумораи ками онҳо бар он ақидаанд, ки саҳмияҳоро бояд нигоҳ доранд ва қисмати бештарашон тарафдори ақидаи фурӯӯши саҳмияҳо мебошанд.

“Мо бовар дорем, ки  ширкат таваҷҷӯҳи сармоягузоронро дубора ҷалб карда метавонад ва имкон медиҳад, ки ин автомобил дар бозори ҷаҳонӣ модели хубе боқӣ монад”- гуфтааст, таҳлилгар Эммануэл Роснер. Ӯ қайд мекунад, ки дар ҳақиқат шикастани шишаи зиреҳпӯши мошин дар ҷараёни муаррифӣ оғози хубе набуд, аммо умед ҳаст, ки камбудӣ бартараф шуда, дуюмбора ба муаррифӣ пешниҳод гардад.  

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Омор

Нархи газ дар Тоҷикистон 35% боло рафт

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту