СоҳибкорӣТехнологияҳо

“Huawei” ният дорад, ки смартфони “Honor” — ро ба ҳукумати Шэнчжен ва дигарон 15 миллиард доллар фурӯшад

Ин созишнома “Honor”-ро аз таҳримҳои ИМА, ки “Huawei” таҳти фишор қарор дорад, хориҷ мекунад.

“Reuters” дар такя бо манобеи боэътимод хабар дод, ки ширкати “Huawei” ба нақша гирифтааст, ки бренди смартфони“Honor”-ро ба маблағи 100 миллиард юан (тақрибан 15,2 миллиард доллар) ба як консорсиум таҳти роҳбарии дистрибютери асосии смартфони Digital China ва ҳукумати Шэнчжен фурӯшад.

Манбаъ меафзояд, ки қарордод қариб тамоми дороиҳои Honor, аз ҷумла бренд, таҳқиқот ва рушд ва тиҷорати марбут ба идоракунии занҷири таъминотро дар бар мегирад. Яке аз ҳамсӯҳбатон гуфтааст, ки Huawei метавонад 15 ноябри соли 2020 дар бораи ин қарордод ба таври расмӣ эълон кунад.

Digital China ба яке аз бузургтарин дорандагони саҳмияҳои Honor Terminal мубаддал хоҳад шуд – ќайд намудааст манбаъ. Тибқи феҳристи шахсони ҳуқуқие, ки оҷонсӣ ба онҳо ишора мекунад, ин ширкат моҳи апрел сабти ном шуда, комилан ба Huawei тааллуқ дорад.

Ҳамчунин, ба Digital China ҳадди аққал се ширкати сармоягузорӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Шенчжен дастгирӣ карда мешаванд, имкони пайвастшавӣ доранд. Тибқи гуфтаи онҳо, ҳар яки он аз 10% то 15% моликият хоҳанд дошт.

Пас аз қарордод, “Honor” ният дорад, ки аксарияти топ менеҷерон ва беш аз 7000 корманди худро нигоҳ дорад ва ғайр аз он, ширкат се сол боз дар бораи ба бозор баромадан фикр мекунад.

“Huawei” бренди “Honor”-ро дар соли 2013 таҳия намуд, аммо тиҷорат дар навбати асосӣ бештар мустақилона аз ширкати волидайн амал мекунад. Мувофиқи маълумоти ширкати тадқиқотии “Canalys” дар моҳҳои июл-сентябр, смартфонҳои Honor 26% тамоми смартфонҳои ширкати “Huawei” -ро ташкил медиҳанд.

Ширкати “Huawei” аз соли 2019 то ҳол дар рӯйхати сиёҳи мақомоти ИМА қарор дорад. Манбаъ мегӯяд, ки агар “Honor” аз ширкат вобаста набошад, бренд таҳрим карда намешавад.

Дар моҳи октябри соли 2020, нашрияи “Reuters” инчунин дар бораи музокироти Huawei дар бораи фурӯши Honor сӯҳбат карданд. Пас аз он нашрия дар бораи маблағи муомилот то 3,7 миллиард доллар навиштааст, аммо тафсилот надодааст.

Нашрҳои монанд
Технологияҳо

Дар Хуҷанд системаи пардохти электронӣ ҷорӣ карда шуд

МаркетингТехнологияҳо

Дар Telegram имкониятҳои нав пайдо шуд

ОморСоҳибкорӣ

Швейтсария шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон барои содироти молҳо мебошад

АндешаТехнологияҳо

WSJ: Авҷи истифодабарии нақлиёти барқӣ наздик аст.

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту