АндешаСоҳибкорӣ

Фаридун Замонов: Ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфтан мехоҳем!

Бо ҳам омадани ду ширкати созандаи технологияи муосир ва хизматрасонии аутсорсингӣ дар Тоҷикистон муҳим буда, сифати корӣ ва пешбурди фаъолияти дастаҷамъонаро беҳтар месозад.

Ҳамбастагиву шарикии корхонаву ташкилотҳо боис бар он мегардад, ки фазои мусоид барои фаъолияти пурсамар таъсис дода шавад. Инро ду ширкати фаъоли бозори дохилии Тоҷикистон дарк намуда, ҳамроҳ кор карданро беҳтар донистанд.

Фаридун Замонов, яке аз таъсисдиҳандагони IT-ширкати “Colibri”, 24-уми сентябр дар саҳифаи фейсбукиаш оиди ҳамроҳ шудани ду ширкат – “Colibri” бо “Next Group ва Oson Eats” хабар дод.

“Мо 21 нафар будем. Ҳоло дар муддати 3,5 соли фаъолият шумораи кормандонамон беш аз 100 нафар шуд. Замони донишҷӯиям дар бораи ҳамроҳ шудани ширкатҳо хонда будам. Акнун инро худамон иҷро кардем…” – навиштааст, Фаридун Замонов.

Ӯ дар суҳбат бо нашрияи онлайнии “Соҳибкор” иброз дошт:

-Ширкати мо аз моҳи феврали соли 2017 фаъолияташро оғоз кард. Ширкатамон барномасозӣ аст: сомона, барномаҳои мобилӣ коркард мекунем, хизматрасонии дизайну маркетинг ҳам дорем.

Чӣ тавр ғояи ҳамроҳ шудани ду ширкат пайдо шуд?

— Тақрибан 3 моҳ қабл бо Суҳроб Ниёзов ҳамкориро чун мизоҷ ва ширкат сар кардем — ин лоиҳаи “Oson Eats”  буд.  Баъд аз шиносоии беҳтар фикр кардем, ки якҷоя боз қавитар мешавем ва суръати пешравии ширкатҳоямон зиёдтар хоҳад шуд. Ҳамин тавр тасмими ҳамроҳ шуданро гирифтем.

Суҳроб Ниёзов асозгузори “Next Group” ва “Oson Eats”

Кадом нақшаҳоро ҳамроҳ ба роҳ мондаед ва дар оянда амалӣ карданӣ ҳастед?

— Пеш аз ҳама, филиали ширкати “Next Group”, ки дар Хуҷанд ҷойгир аст, дар Душанбе ва ширкати барномасозии “Colibri” -ро дар Хуҷанд кушоданием. Айни ҳол “Next Group”  бо аутсорс машғул аст. Ширкатҳои Россияву Амрикоро хизматрасонӣ мекунад. Хизматрасонии мизоҷон ва барномасозӣ ба шакли аутсорс потенсиали зиёд дорад, барои ҳамин нақшаи баромадан ба бозори ҷаҳонӣ дорем.

Бештар кадом қишри ҷомеа дар ширкати шумо кор мекунад ва ба андешаатон чӣ гуна технологияи муосир дар пешрафти соҳаи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти Тоҷикистон кӯмак мекунад?

— Аксарияти ҳамкоронамон — писар ва духтарони ҷавон мебошанд.

Сол аз сол шумораи истифодабарандагони интернет зиёд шуда истодааст. Технологияҳои бо интернет вобаста аст, ба иқтисодиётамон ёрӣ мерасонад, дар он сурате, ки ин соҳа бештар дастгирӣ ёбад.

Ҷахонгир Ҷалолов, асозгузори Colibri

Афзоиши босуръати технологияи мусоир ва хизматрасониҳои мобилӣ шумораи зиёди ширкатҳои дар ин соҳа фаъолияткунандаро муваффақ кардааст. Дар бозори ҷаҳонӣ шакли хизматрасониҳои аксарияти ширкатҳои бонуфуз тавассути интернет ба роҳ монда шуда, ин самт кори онҳоро даҳҳо маротиба осон кардааст.  Ҳамроҳшавии ширкатҳо имконият фароҳам меорад, ки тиҷорат ва хизматрасонии беҳтару бештарро пешниҳод кунанд.

“Ваҳдат нерӯи мост: Мо ҳоло бузургтарин ширкати аутсорсинг дар Тоҷикистон ҳастем. Имрӯз ду ширкати ҷавони аутсорсингӣ қарор доданд, ки марҳилаи нави истиқлолияти иқтисодии кишварамонро оғоз кунанд.  “Next Group” ва “Colibri.  IT-иноватсия” якҷояшавӣ эълон кард.” Дар ин бора Суҳроб Ниёзов муассиси ширкати “Next Group” дар саҳифаи расмии фейсбукии худ нашр кардааст.

Ӯ ваҳдату ягонагӣ ва ҳамроҳшавии ширкатҳоро қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа ва иқтисодиёти Тоҷикистон ҳисобида мегӯяд:

“-Дар ҳар давру замон ҷанговарон барои пирӯзӣ бар инқилоб муттаҳид мешуданд.  Чунин иттифоқ ба ҳама манфиат ва боварӣ ба устувории ҳаёти худро овард.  Онҳоро манфиатҳо, ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарак муттаҳид мекарданд.  Командири оқил бояд аз ҳама бештар дар бораи ояндаи тамоми халқ ва дар ҳар коре, ки имрӯз анҷом дода мешавад, фикр кунад. Дар ин замони душвор ва ҳассос мо бояд барои рушди кишвар ва мардуми худ муттаҳид шавем.  Танҳо бо ин роҳ метавонем аз ҷиҳати иқтисодӣ тезтар, устувортар ва самараноктар рушд кунем.”

“Next Group” ва “Colibri.  IT-иноватсия” аз ширкатҳое мебошанд, ки дар муддати кӯтоҳ бо хизматрасониҳои наву муосир ва истифода аз технологияи замонавӣ мавқеи худро дар бозори дохилии Тоҷикистон пайдо кардаанд.

Нашрҳои монанд
АндешаОморСоҳибкорӣ

Аз болоравии рублу доллар ва евро то уфти сомонӣ: эълони қурби асъор.

СоҳибкорӣТехнологияҳо

“Huawei” ният дорад, ки смартфони “Honor” - ро ба ҳукумати Шэнчжен ва дигарон 15 миллиард доллар фурӯшад

Андеша

Сундар Пичай директори Google ду принсипи асосии ҳаёти муваффақро номбар кард

Андеша

Ҳабиб Нурмагомедов пас аз муҳорибаи охиринаш чӣ қадар маблағ мегирад?

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту