Соҳибкорӣ

Чӣ тавр дар Тоҷикистон сармоягузори лоиҳаи худро пайдо бояд кард!

Онҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданианду мехоҳанд дар ин самт фаъолияти  пурсамар анҷом диҳанд намунаи ташкилоту ширкат ва бонкҳои сармоягузорӣ кӯмакрасон мебошад. Идомаи матлаб ҳамтан ба манфиат хоҳад буд.

Бонки рушди Авруосиё

Бонки рушди Авруосиё як созмони байналмилалии молиявист, ки барои рушди иқтисоди бозаргонӣ дар Осиёи Марказӣ ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ таъсис ёфтааст.

Аз соли 2018 то соли 2022 бонк стратегияи маблағгузории лоиҳаҳоро бо таъсири қавии интегратсионӣ ва лоиҳаҳои миллӣ, ки метавонанд дар ҳаёти одамон нақши муҳим дошта бошанд, ба даст овардааст.

Тоҷинвест

Тоҷинвест дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва лоиҳаҳои ботаҷриба ва навро дар ҷалби сармоягузорӣ кӯмак намуда, шариконро барои пешбурди молу маҳсулот ва хизматрасониҳо пайдо мекунад.   

Тоҷинвест  “Бизнес портал” — аввалин платформаи миллӣ барои соҳибкорон ва сармоягузоронро идора мекунад.

Инчунин, ташкилот ба шарикон дар пешбурди тиҷорат, соҳаи андоз ва   дастгирии ҳуқуқӣ кӯмак мерасонад.  

«Инкубатори тиҷоратии Тоҷикистон»

«Инкубатори тиҷоратии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  дар охири соли 2018 таъсис дода шудааст.  Ҳадафи асосиаш рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва дастгирии стартапҳо тавассути кӯмаки иттилоотӣ, омӯзиш ва машваратҳои молиявию ҳуқуқӣ мебошад.  

Ташкилот мунтазам озмуни startup-ро баргузор менамояд, ки барои рушди сармоягузорӣ ва пайдо намудани мавқеи шоиста заминаи хубе мебошад. Барои аъзо шудан, танҳо як номаи даъват ирсол кардан зарур асту халос.

“Accelerate Prosperity”

“Accelerate Prosperity” — ташаббуси нави глобалии Созмони Оғохон оид ба рушди соҳибкории хурду миёна дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ.

Аз соли 2016, ташкилоти “Accelerate Prosperity” соҳибкоронро тавассути моделсозии бизнес, коучинг, бизнес — шабака, санҷиши омодагии сармоягузорӣ ва маблағгузории аввалия ва дарозмуддат, ки ба рушди тиҷорат мусоидат мекунанд, дастгирӣ менамояд.

Он дар минтақаҳои Тоҷикистон, Покистон ва Қирғизистон барои имкониятҳои иқтисодии рушдёбанда фаъолият менамояд. Маблағи миёнаи сармоягузорӣ дар як лоиҳа аз  10 000 то  50 000 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

 РЕАК Tajikistan

Барномаи РЕАК бо мақсади дастгирии бахши хусусии нисбатан қавӣ, диверсификатсияшуда ва фарогир дар Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир тавасссути Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (UK Aid) маблағгузорӣ мешавад.

Мақсади асосии РЕАК – дастгирии рушди ширкатҳои навтаъсис (стартапҳо) ва ҳавасмандкунии рушди босуботи соҳибкорони микро, хурд ва миёна ва беҳтар намудани бозори хизматрасониҳои машваратӣ оид ба рушди соҳибкорӣ.

РЕАК дар нақша дорад, ки мақсадҳои дарпешгузоштаи худро тавассути корҳои зерин соҳиб гардад:

– таъсиси марказҳои рушди навовариҳо дар соҳаи соҳибкорӣ;

– баланд бардоштани сифати машваратҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва механизми устоду шогирд дар байни ШМХМ ва стартапҳо;

– ҳавасмандкунӣ ба робитаҳои корӣ байни мушовирон оид ба  рушди соҳибкорӣ ва стартапҳо/ШМХМ.

Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон.

Сохтори мустақили паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб фаъолият дорад. Филиалҳои минтақавӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Рашт ҷойгир шудаанд.

Фонд ба созмонҳои хусусӣ ва ғайридавлатӣ дар ташкил ва рушди лоиҳаҳои умумӣ кӯмаки техникӣ, машваратӣ ва амалӣ мерасонад. Лоиҳаҳои бомуваффақият қарзи хурд ба даст меоранд. Лоиҳаҳои дигаре, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудаанд аз ҷониби фонд маблағгузорӣ мешаванд.

Бунёди Ҷамъияти Кушода дар Тоҷикистон

Бунёди Ҷамъияти Кушода дар Тоҷикистон фаъолияти худро соли 1996 оғоз карда, аз соли 2000 инҷониб 258 соҳибкор тавонистанд, ки фаъолияти  тиҷорати худро аз ҳисоби маблағгузории хурд таъсис диҳанд. Аз лаҳзаи оғози кор дар лоиҳаҳои гуногунбештар аз 52 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст.

Ҷамъияти Кушода ин фонди глобалӣ буда, аз ҷониби Ҷорҷ Сорос  ташкил ёфтааст ва онро Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир маблағгузорӣ мекунад.

Ширкат мунтазам миёни ташкилотҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои ташаббускор ва фаъолоне, ки дар соҳаи фарҳанг, санъат ва рушди ҷомеа фаъолият доранд, озмуни грантии кушода баргузор мекунад ва то 70 000 сомонӣ маблағгузорӣ менамояд. 

Фонди Бунёди Оғохон

Фонди Бунёди Оғохон — агентии хусусии рушди байналмилалии ғайритиҷоратӣ мебошад. Ин фонд дар таҳияи лоиҳаҳои таълимӣ ва сармоягузорӣ ба заминистифодабарандагон  ва ба рушди саноати анъанавии маҳаллӣ кӯмак мекунад.

Самтҳои асосии маблағгузорӣ:

  • кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ,
  •  иқтисод,
  •  маориф,  
  • инкишофи барвақти кӯдакон,
  • тандурустӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту