Соҳибкорӣ

Бонки «Алиф»-ро ним миллион сомонӣ ҷарима бастаанд

Бонки Миллии Тоҷикистон баъд аз ёфтани чанд камбуд дар кори бонки «Алиф» ин муассисаро ним миллион сомонӣ ҷарима бастааст. Фаъол набудани шӯрои нозирон, кумитаи аудит ва кумитаи идоракунии хавфҳо аз ҷумлаи нуқсҳо гуфта мешавад.

Абулло Қурбонов, раиси бонки «Алиф», рӯзи 20-уми июн дар Фейсбук навишт, камбудҳоро бозрасони Бонки Миллӣ ҳангоми тафтиши кори нимсолаи онҳо ёфтаанд. Ӯ гуфт, «ҳар ташкилоти қарзӣ дар камтар аз як сол бояд аз санҷиши ҳамаҷонибаи Бонки Миллии Тоҷикистон гузарад, то ба дуруст будани фаъолияти худ бовар ҳосил кунад. Ба наздикӣ мо низ аз чунин тафтиш гузаштем.»

Қурбонов ифшои ин маълумотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ «шаффофияти кор» ва «масъулияти бонк дар назди ҷомеа» донистааст. Тафтиши ояндаи «Алиф» соли дигар сурат хоҳад гирифт.

«Алиф» моҳи январи имсол ҳамчун бонк ба кор оғоз кард. То он вақт ба ҳайси ташкилоти амонативу қарзии хурд фаъолият дошт ва хариди молу ашёи рӯзгор аз дӯконҳову фурӯшгоҳҳоро ба таври насия ва бе пардохти баҳра ба роҳ монда буд.

Бо таъсиси бонки «Алиф” шумораи бонкҳои кишвар ба 17 расид, аммо низоми бонкии Тоҷикистон панҷ сол инҷониб гирифтори буҳрони ҷиддӣ аст. Ду бонки калонтарини кишвар – «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» – то ҳол наметавонанд маблағи мизоҷонро пурра баргардонанд. «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» муфлис эълон карда шуданд ва садҳо муштарии онҳо ҳанӯз пулҳои ба амонат гузоштаи худро бозпас гирифта наметавонанд.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

СоҳибкорӣТехнологияҳо

Павел Дуров: Telegram бехатар ва боэътимод боқӣ мемонад

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту