АндешаСоҳибкорӣ

«Бо касоне, ки аз шумо беҳтаранд, дӯстӣ кунед!»: маслиҳати Ричард Брэнсон

Асосгузори ширкати Virgin Ричард Брэнсон мегӯяд, ки дар зиндагӣ барои муваффақ гардидан бояд бо чӣ гуна инсонҳо ҳамнишин бошӣ ва ё дар қатори чӣ гуна нафарон истодагарӣ кунӣ. 

Ман тамоми ҳаёти худро дар он асос сохтаам, ки бо шахсоне, ки аз ман беҳтаранд ҳамнишин мешавам ва аз онҳо олитарин хислатҳояшонро меомӯзам.  Дар зиндагӣ  ҳамеша ба аҳли хонадонам бо ҳайрат менигаристаму мехостам, ки  ба қадри имкон бо онҳо вақт гузаронам, аз онҳо дарс гирам ва бо онҳо беҳтарин лаҳзаҳои хуши зиндагиро сипарӣ намоям. Ин хислат аз ман ба завҷаву фарзандонам мерос мондаанд ва онҳо дар баробари ман ҳам чунинанд.

 Вақте ки тиҷорати аввалини худро оғоз намуда будам, чӣ кор карданамро намедонистам вале бо онҳое, ки дар ин ҷода муваффақ буданд ҳамнишин шудаму тавонистам тиҷорати худро  пеш барам. Ман қариб ҳеҷ гуна қобилияти махсус надоштам, аммо  медонистам, ки чӣ гуна ба одамони дорои чунин қобилиятҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кунам. Бо муҳаққиқони донотарин, ки аз ман чандин зинаҳо беҳтар буданд, ҳамкорӣ намудам.  Онҳоро дастгирӣ  намуда, озодӣ додам, ки онҳо тавонанд нашъунамо ёбанд. Мо дар якҷоягӣ роҳи ҳалли мушкилиҳои якдигарро пайдо менамудем. Ҳамкорӣ бо чунин бузургмардон имкон дод, ки ширкати ман чунин муваффақ ва  соҳибном гардад.

Шумо дар ин бора метавонед андешед:  Бо одамоне, ки мехоҳанд мисли шумо бошанд, муошират кунед. Тавре  Ҷим Рон гуфтааст, ҳар як шахс бояд  байни се чор нафар намуна бошад ва бо онҳо бештар вақти худро сарф кунад. Пас, агар шумо хоҳед, ки шахси фаъол бошед, бештар кӯшиши ба қуллаҳои баланд расиданро кунед , аммо агар  вақти худро бо одамоне, ки ба ҳеҷ чиз ниёз надоранд, сарф кунед, зиндагиатонро мушкил месозед.

Аз ин рӯ агар майли дар ҷодаи интихобнамудаатон муваффақ шуданро дошта бошед, бештар бо онҳое ҳамкорӣ кунед, ки ин зинаҳои тайменамудаи шуморо бомуваффақ убур намудаанду дар пайи иҷрои зинаҳои болоӣ кӯшиш доранд. Ман дар беҳтарин гирдиҳамоӣ ва ё мизҳои мудаввари соҳибкорӣ ширкат мекунаму бо якояки соҳибкорон суҳбат менамоям. Аз фаъолияташон самара мегирам ва онҳоро ба ширкати худ даъват мекунаму бо ҳар восита кӯшиши беҳтар намудани фаъолияти ширкатамро ба роҳ мемонам.  Вақте ки шумо дар иҳотаи одамони аслие мебошед, ки барои ҷаҳон чизи хубе кардан мехоҳанд, шумо барои ноил шудан ба дастовардҳои бузург илҳом мегиред.

Албатта, изҳороти Ҷим  Рон то андозае  ба қонуни  табақаҳои миёна дахл дорад.  Лек, ман ҳеҷ гоҳ ба чунин табақаҳо бовар намекардам. Тавре Тодд Роуз менависад, «шумо бояд фаҳмед, ки одамони миёнаҳол вуҷуд надоранд ва Шумо низ худро дар баробари воҳидҳои худсаронае, ки дар табиати инсон ҳеҷ гуна асоси воқеӣ надоранд, санҷиданро бас кунед”. Агар мо хоҳем, ки қобилияти худамонро дар ҷое муаррифӣ  ва васф кунем, бояд донем, ки ҳеҷ гоҳ аз табақаҳои миёна бартарӣ нахоҳем дошт. Ҷаҳон аз одамони фавқулодда иборат аст, аз ин рӯ вақтро барбод надода, аз пайи муваффақ шудану худро аз табақаҳои миёна боло бароварданро бояд кунем. Муошират ва ҳамкорӣ бо одамоне, ки ба идеали шумо шабеҳанд,  барои пешбурди коратон хеле муҳим аст. Онҳоро дар ҳама ҷо  ҷустуҷӯ кунед. Бештар ба давлатҳои ҷаҳон сафар карда, бо ҳамкорони равияатон ҳамсуҳбат шаведу таассуроти бештареро аз худ намоед.  Агар шумо худро бо доираи хурде маҳдуд кунед, шумо воқеан дастовардҳои бузургро наметавонед ба даст оред. Барои муваффақ шудану  ҳарчӣ зудтар пайдо намудани мавқеи худ аз ҳама имконоти мавҷуда истифода бареду бо соҳибкорони муваффақ ҳамеша дар иртибот бошед. Шояд инҳо дар назаратон сода намоянд, лек фаромӯш насозед, ки бузургоне, ки дар ҷодаи худ соҳибному муваффақ гардидаанд аз ин соддатаринҳо оғоз намуда буданд.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Андеша

Дарсҳои тиллои: 7 дарс аз ҳаёти ҷониби Ричард Бренсон

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту