АндешаСоҳибкорӣ

Чархболҳои қазоқӣ: имкониятҳои бештари сайёҳӣ

Тавре хабарнигори сомонаи “Хабар24” иттилоъ медиҳад, аввалин чархболҳои қазоқӣ барои содирот ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Чархболҳо вазифаҳои бисёреро метавонанд иҷро кунанд ва ларзишашон нисбати дигар навъҳо хело кам аст. Онҳо дорои 5 ҷойи нишаст буда, нисбатан хурд ва барои истифода хело муфид мебошанд. Ин гуна чархболҳо махсусан барои минтақаҳои баландкӯҳ ва дорои иқлими гарм тобовар мебошанд.

Суҳроб Ҷураев – муовини аввали директори ширкати Сомон эйр қайд кард, ки мақсади асосии истифодаи чунин чархболҳо сайёҳонро ба минтақаҳои кӯҳӣ ошно намудан ва аз зебогии афсонавии Тоҷикистон бархурдор кардан аст.


Инчунин онҳо барои аз ҳолатҳои фавқулода ва ё амалиётҳои наҷотдиҳӣ кӯмак намудани аҳолӣ истифода мешаванд. Ин дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ бо ширкати қазоқии “KazakhExport” сурат гирифта истодааст. Ширкати “KazakhExport” ба истеҳсол ва тайёр намудани мутахассисони варзида машғул буда, имкониятҳои васеъро барои аз худ намудани рондани чархбол ва корҳои техникии он фароҳам овардааст. Ҳамасола дар худи ширкат зиёда аз 30 чархбол омода шуда, ба истифода дода мешавад.


Ин иқдоми хубе барои Тоҷикистон ба ҳисоб рафта ва барои боз ҳам вусъат бахшидани соҳаи сайёҳии кишвар нақши босазое дорад.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Андеша

Дарсҳои тиллои: 7 дарс аз ҳаёти ҷониби Ричард Бренсон

Соҳибкорӣ

Афзоиши содироти маҳсулоти Хатлон ба хориҷ ва сабукиҳои "Роҳи оҳан" ба соҳибкорон

Соҳибкорӣ

Машҳуртарин коворкингҳо: Душанбе ва Хуҷанд

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту