АндешаОмор

Коронавирус аз овоза то ҳақиқати ҳол дар Тоҷикистон ва ҷаҳон.

Рӯз то рӯз шумораи гирифторони бемории коронавирус дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон афзоиш ёфта истодааст ва то санаи 26-уми марти соли 2020 беш аз 500 000 нафар ба он мубтало шуда, аз онҳо 21 287 нафар фавтида, ҳамчунин 113 ҳазор нафар шифо ёфтаанд. Вазъ аз ҳама бештар дар Аврупо, Амрико ва Эрон ҷиддӣ унвон мешавад. Мутахассисон мегӯянд, мумкин аст, шумори гирифторони коронавирус ба маротиб зиёдтар бошад ва арқоми кам натиҷаи камбуди озмоишҳост.​

Бояд донем, ки ин вируси хатарнок ва зудпаҳншаванда моҳи декбри соли 2019 дар шаҳри Вухани вилояти Хубейи Ҷумҳурии халқии Чин пайдо шуда, имрӯз дар бештари давлатҳои сайёра бо суръати баланд паҳн шуда истодааст.

Суръати баланди паҳншавии коронавирус боис гардидааст, ки рӯзи 11 — уми март Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт вируси COVID-19 — ро пандемия эълон кунад.

Тоҷикистону Туркманистон дар ом ягона давлатҳои коронавирус надошта

Хушбахтона, дар Осиёи Маркази ягона давлатҳое, ки то ҳол  ҳеҷ ҳодисаи коронавирусро дучор наомадаанд, Тоҷикистон ва Туркманистон маҳсуб меёбанд.

Гарчанде дар Тоҷикистон коронавирус наомада бошад ҳам, роҳҳои мубориза ба он дар сартосари мамлакат пурзӯр гардида, тамоми шаҳрвандони аз хориҷа баргашта ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Ақидаи таҳлилгарон оиди пешгирии коронавирус

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беҳтарин иқдом ҳамчун чораи пешгирикунанда эълони таътил дар мактабҳову донишгоҳҳои Душанбе ва тамоми кишвар аст.

«Феълан дар Душанбе даҳҳо ҳазор донишҷӯ ҳамарӯза аз як қисмати шаҳр ба қисмати дигар мераванду дар дарсҳо иштирок ва миёни якдигару устодон муошират мекунанд, ки ин ҳама барои паҳн шудани вирус беҳтарин шароитро фароҳам месозад. Ҳатто агар бештари донишомӯзон мубтало нашаванд ё давраи бемориро ба осонӣ пушти сар кунанд ҳам, онҳо омили паҳнкунандаи вирус шумурда шуда, наздикону пайвандони худро низ олуда хоҳанд кард,» — мегӯяд Муллоҷонов.

Профессор Саидбек Сатторов — мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба чанд суол доир ба роҳҳои пешгирӣ аз сирояти вирус посух дода, иброз медорад, ки  “Роҳи аслии сироят ба коронавирус ҳавоӣ-қатрагӣ буда, он ҳангоми нафас гирифтан ва атсаву сулфа задан мегузарад. Ҳангоми атса ва ё сулфа задан бемор метавонад, вирусро ба муҳити атроф паҳн намояд ва шахси солим дар мавриди риоя накардани масофае, ки байни шахси бемор ва солим ба андозаи на кам аз як метр муайян гардидааст, метавонад аз ин вирус сироят ёбад. Дар ин ҷо бояд одамон аз ниқобҳои тиббӣ истифода кунанд. Тавсия дода мешавад, агар ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда истифода карда шавад. Дигар ин ки ин вирус тавассути пардаҳои луобӣ, аз ҷумла бинӣ, чашм метавонад сироят кунад. Барои ин бояд дастонро бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд.

Эпидемиологи машҳури Русия Михаил Фаворов, ҳазориспандро як далели зуҳур накардани коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт. Дар ин бора портали «Спудник» хабар медиҳад.

Манбаъ хабар медиҳад, ки эпидемиолог зимни баромади худ аз Абӯали ибни Сино мисол оварда гуфт, ки замоне маҳз бо маслиҳати ӯ тамоми ҳуҷраҳои биноҳои истиқоматӣ ва корӣ барои рафъи ҳамагуна вирус бо ҳазориспанд дуд карда мешуданд. Тавре худи Фаваров қайд мекунад:

«Феълан як қатор кишварҳо аз даҳшати коронавирус дар канор мондаанд. Мо бисёр мулоҳиза кардем, то омили асосии зуҳур накардани ин маризиро пайдо кунем. Шояд ҳавои хушк, иқлими мусоид ва ё маҳз ҳазориспанд сабабгори роҳ наёфтани маризии коронавирус ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад».

Чонг Наншан, роҳбари комиссияи махсуси коршиносии кумитаи давлатӣ оид ба масъалаҳои тандурустии ҷамъиятии ҶХЧ, дар як нишаст иброз дошт, ки ба пирӯзии барвақтӣ аз вирус умед набояд дошт.

Ба ақидаи коршинос: коронавирус ҳадди аққал то моҳи июн дар тамоми ҷаҳон паҳн хоҳад шуд.

    «Тибқи санҷиши, эпидемия дар саросари ҷаҳон паҳншавии каронавирус ҳадди аққал то моҳи июн паҳн хоҳад шуд.»

Ҳамзамон, коршинос илова намуд, ки агар тамоми ҷаҳон бо коронавирус дар якҷояги мубориза барад пас дар ояндаи наздик вазъ метавонад комилан тағир ёбад.

Роҳҳои гузаштани вирус

Тоҷвирус аз шахси бемор ба солим одатан ба воситаи чакраҳои луобу оби бинӣ ва балғам, ки дар худ вирус доранд, дар вақти гап задан, атса додан, сулфа кардан мегузарад. Ҳангоми сулфа кардан дар атрофи бемор дар масофаи то 3 метр як мавзеи пур аз вирус пайдо мегардад, ки барои атрофиён хеле хатарнок аст. Инчунин, ҳар чизе, ки бемор дар наздикии он қарор гирифта буд ё даст расонид, метавонад манбаи вирус ва сироят гардад.

Вирус метавонад ҳатто дар давраи инкубатсионӣ, яъне давраи номаълумиаш, аз касал ба солим гузарад.

Тоҷикистон ва  коронавирус

Бояд қайд намуд, ки айни замон масъалаи пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат зери назорати бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID- 19) дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шудааст. Ҳамзамон, дар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ситодҳои дохилиидоравӣ ва ситодҳои маҳаллӣ барои пурзӯр намудани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодаанд.

Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, то кунун дар кишвар бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ба ақидаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ “Хушбахтона, то кунун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Новобаста ба ин, тибқи Конвенсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, яъне қоидаҳои байналмилалии тиббии санитарӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита шомили он мебошад, дар гузаргоҳҳои сарҳадии мамлакат, аз ҷумла чӣ дар гузаргоҳҳои ҳавоӣ ва чӣ дар гузаргоҳҳои заминӣ нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ мавҷуданд, ки онҳо бевосита зертобеи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар ин нуқтаҳо  тибқи фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пешниҳодоту амрномаҳои Сардухтури давлатии санитарии эпидемологии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бонги хатар  задан  супориш дода мешавад, ки ин нуқтаҳо фаъолияти худро пурзӯр намуда, ба фаъолияти шабонарӯзӣ гузаранд. Ҳамзамон, айни ҳол дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди  теплавизор  ва термасканерҳо насб карда шудаанд, ки ҳар як шаҳрванде, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид мегардад,  тавассути онҳо гузаронида мешаванд”.

Дар ҳақиқат ҳам, Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро барои ворид нашудани ин вируси зудпаҳншаванда ва роҳҳои пешгирии онро андешида, мубориза бо коронавирусро пурзӯр намудаанд.  Тамоми шаҳрвандонро бошад зарур аст, ки гигиенаи шахсии худро риоя намоянду ҳамеша бо духтурон ҷиҳати ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодаи ин вирус дар алоқа бошанд.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

Омор

Нархи газ дар Тоҷикистон 35% боло рафт

Андеша

Дарсҳои тиллои: 7 дарс аз ҳаёти ҷониби Ричард Бренсон

АндешаСоҳибкорӣ

Офтоб, баҳр ва Facebook: Субҳи бобарори ҷаноби Ричард Брэнсон

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту