Маркетинг

YouTube дар соли 2020 барои 1000 — тамошо чӣ қадар пул медиҳад ва бо кадом роҳ тамошоро ду маротиба зиёд намудан мумкин аст?

Бисёр ҷолиб аст, ки канали  YouTube  барои 1000 тамошо чӣ қадар пул медиҳад ва ин пул чӣ гуна ба канали худ мегузарад. Мо ба ин ҷиҳат диққат медиҳем ва ҳама чизро бо мисолҳои мушаххас ва факту рақам ба Шумо пешниҳод менамоем, ки ҳар шахс чӣ қадар пул аз канали YouTube кор мекунад. Барои пул кор кардан муҳим мавзӯъ ва бо кадом забон пешниҳод намудани он нест. Масъалаи асосӣ ва муҳим чизи ҷолиб ва қобили қабули аудитория пешниҳод намудан ба шумор меравад.

Калиди асосии маводи пешниҳоднамудаи Шумо дар канали YouTube ин ҷалби диққати бинандагони шумост. Ҳар қадаре, ки бинанда зиёд бошад ҳамон қадар шумо пули бештар кор мекунед.

Барои намуна агар Шумо аз фурӯши мошин ду навор, яке аз аз фурӯши тамғаи Lanos  ва дигаре BMW  дар канали худ гузоред, амалҳои якхела вале натиҷаҳои гуногунро ба даст меоред.

Бояд Шумо донед, ки чӣ гуна аудиторияро ҷалб бояд кард, ки ҳам онҳо аз видеои шумо қаноатманд бошанд ва ҳам Шумо бо ин васила ду маротиба бештар пул кор кунед.

Даромади ман аз YouTube

Ман  ҳоло мушахассан нишон медиҳам, ки дар соли 2020 канали YouTube  барои 1000 тамошо ба ман чӣ қадар пул дод:

1200000 тамошо;

953 доллар дар як сол, барои як моҳ —  100-140$;

Даромади миёна аз 1000 тамошо — 3,62 доллар;

Дар давоми сол аз  57 видеои сабткардаву пешниҳоднамуда ман 953 доллар маблағ ба даст овардам. Ин амали ман бидуни ҳеҷ сармоягузорӣ сурат гирифт ва ҳар қадаре ки аудиторияи ман зиёд бошад, канали YouTube ҳамон қадар бештар ба ман пул медиҳад.

YouTube барои чӣ ва аз кадом ҳисоб пардохт мекунад?

Шумо  хуб медонед, ки худи YouTube ба Шумо пул намедиҳад. Дар асл, соҳибкорон аз ӯ реклама фармоиш медиҳанд. Онҳо барои таблиғ пардохт мекунанд ва як қисми пул ба шумо  мегузарад.

Барои пайваст кардани монетизатсия, ба шумо лозим аст, ки 1000 муштарӣ дошта бошед ва дар маҷмӯъ 4000 соат тамошои видеоҳои худро соҳиб бошед. Дар сурате Шумо маблағатонро гирифта метавонед, ки аз аз 100 доллар боло бошад.

Ҳама пардохтҳо моҳе як маротиба ба таври худкор ба корт пардохт карда мешаванд. Маблағи даромад аз таблиғ аз ҳисоби мавзӯи канал ва минтақа вобаста аст.

Чӣ тавр дар YouTube бештар пул кор кардан мумкин аст?

Чӣ гуна бояд ҳамон 57 видеоро ба навор гирифт,  ки даромад 900 доллар неву 2000 доллар шавад. Дар ин ҷо чизи аз ҳама асосӣ диққати бештари бинандагони видеоҳои Шумо ба ҳисоб меравад. Вале чӣ  бояд кард, ки аудитория бештар шавад ва диққати тамошобинон ба видеоҳои Шумо зиёд гардаду Шумо манфиати бештаре ба даст оред.  

Дар ин ҷо якчанд усулҳоро батартиб зикр мекунем, ки барои Шумо бисёр манфиатбахш хоҳад буд.

  1. фурӯши маҳсулоти шумо:

— Варианти  аз ҳама беҳтарин ин маҳсулоти хуби шумо мебошад, ки бад ин васила метавонед тариқи курс, машваратҳо сафи бинандагони маҳсулоти худро бештар кунед ва онҳо ба шумо диққат диҳанд.

  • Усули дуюми пулкоркунӣ барномаҳои шарикӣ мебошанд:

— Ин дар ҳоле муясар мегардад, ки шумо дар видеоҳои худ ба одамон маҳсулотро тавсия медиҳед ва фоизи фурӯшро ба даст меоред. Нуктаи муҳим он аст, ки харидор бештар пардохт намекунад! Яъне, нақша барои ҳарду ҷониб судманд аст.

  • Рекламадиҳандагони мустақим

— Ин хело сода аст. Пеш аз оне ки видеоро месозед  рекламадиҳанда ба шумо фавран пул медиҳад, ки ин кори шуморо осон ва диққати бинандаро бештар мегардонад.  

— Шумо дар  аввал мобайн ва ё охири видео маводи рекламадиҳандаро таблиғ мекунед ва ё метавонед дар бораи вай сюжети алоҳида намоед.

— Фурсати хуб ин аст, ки вақте Шумо мувофиқи табъу завқи аудитория матлаб омода менамоеду ҳамагон ба он ниёз доранд. Аз ин ҷиҳат маблағи бештар ба даст овардан мумкин аст.

— Дар ин ҷо шумо аз нархҳо хеле ҳайрон мешавед. Масалан, видеои аввалине, ки ман бо фармоиш ба навор гирифтам,  500 доллар арзиш дошт. Он замон канали ман дорои 15 ҳазор муштарӣ буд ва ман ба ҳар ҳол видеои фармоиширо бо талаботи аудитория ҷавобгу намудам, ки барои шунавандагони ман муфид ва муҳим  маҳсуб меёфт.  Бинед барои ин барои ман ҳам пардохт карданд ва ҳам муштарӣ қонеъ шуд ва боз сафи нафарони канали ман зиёд гардид.

Ва дар айни замон ман мехоҳам таъкид кунам:

  1.  Тариқи канали YouTube агар ман ҳеҷ ҷое кор ҳам накунам муддати тӯлонӣ фоида ба даст меорам. Яъне, ман акнун барои худ даромади ғайрифаъол сохтам.  Воқеан ҳам ин чизест, ки ҳамагон барои муваффақ шудан кӯшиш менамоянд.
  2. Ҳар як видеои нав натиҷаҳои бештар меорад (ҳадди аққал аз ҳисоби муштариён, садоқати YouTube ба каналҳои фаъол ва маслиҳатҳо аз видеоҳои кӯҳна ба нав).

Хулоса, агар дар канали YouTube заҳмату талошҳо кашида видеову роликҳои вобаста ба табъи аудиторияро пешниҳод гардонӣ, воқеан ҳам даромади хуб аз ҳисоби мотенизатсияи канал ба даст меорӣ. Аксар нафароне ҳастанд, ки бе ҳеҷ ҷойи корӣ аз ҳисоби каналҳои худ зиндагиашонро шоҳона пеш мебаранд. Ин самара ва манфиати хубе барои ҳар нафар маҳсуб меёбад.

Нашрҳои монанд
МаркетингТехнологияҳо

Дар Telegram имкониятҳои нав пайдо шуд

Маркетинг

Oson SMS: Чӣ хел дар Тоҷикистон аз СМС маркетинг истифода бурдан мумкин?

МаркетингТехнологияҳо

Парвиз Рӯзиев Menu.tj -ро ба лоиҳаи нави замонавии Gastronom “ребрендинг” эълон кард!

Маркетинг

Маликаи ТикТок: Чӣ гуна як тоҷик духтар миллионҳо пулу муштариёни зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба даст овард?

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту