Маркетинг

Oson SMS: Чӣ хел дар Тоҷикистон аз СМС маркетинг истифода бурдан мумкин?

СМС-маркетинг кайҳост, ки дар бозори хизматрасонии ҷаҳонӣ истифода мешавад. То замони мо он ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Ҳоло ба ҷои СМС-ҳои маҷбурӣ, паёмҳои иттилоотию шахсӣ афзалияти бештар доранд ва саҳми ин гуна хизматрасониҳо барои пешрафту обрӯю эътибори ширкатҳо назаррас аст, инчунин имконияти ба даст овардани фоидаи пулӣ мавҷуд аст.


Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навъи хизматрасониро Oson SMS ба роҳ мондааст. Сомонаи расмии ин ширкат www.osonsms.com буда, дар он ҳамаи хизматрасониҳо ва тарзи дурусти истифодаи СМС маркетинг ба таври зайл фаҳмонда шудааст. Рекламаи молу маҳсулоти ширкат тариқи фиристодани СМС имконияти хуб барои муайян кардани самаранокии рӯйхатҳои почтаи электронӣ ва идора намудани пойгоҳи суроғаҳои электронӣ мебошад. Бо истифода аз платформаи Oson SMS метавонед таҳлили самаранокии фиристодани СМС паёмакро мушоҳида кунед.

Ин чӣ тавр кор мекунад?
Система маълумотро оиди ҳар як гузариши муштарӣ тавассути линк (ссилка), ки дар СМС фиристода шудааст, сабт карда, ҳамчун ҳисобот дар ҳуҷраи электронии шахсиатон гузошта мешавад, ҳатто дар ҳолате, ки шумо хизматрасонии веб-таҳлилиро насб накарда бошед. Ҳангоми навиштани як паёмак, суроғаи саҳифаи facebook ё intsagram-и худро гузоред. Платформаи мо ба линки кӯтоҳшудаи osms.tj (масалан: mexx.osms.tj) иваз мешавад.

Истофодаи хизматрасонии СМС маркетинг чӣ фоида меорад?
Мизоҷонатон СМС-ро аз номи ширкати шумо қабул мекунанд. Ин раванд боис ба он мегардад, ки қабулкунандаи СМС номи ширкати шуморо ба таври визуалӣ дар хотири худ нигоҳ медорад. Имконияти зиёд барои навиштани навъҳои гуногуни СМС паёмак, аз ҷумла ба таври автоматӣ ва дар вақти муайян гардида равон кардани паёмаки табрикотӣ бахшида ба зодрӯзи муштариёнатон фароҳам аст. Шумо метавонед, омори фиристоданро дар вақти воқеӣ таҳлил кунед, пойгоҳи додаҳоро идора кунед, рақамҳои ғайрифаъолро тоза кунед.

Ҳамаи усулҳои муосири пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, аз ҷумла интиқоли бонкӣ ва ҳисоботдиҳӣ барои шахсони ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳисоботи пурра дар бораи расонидан ва кушодани паёмҳо бо имконияти шумораи воридшавандагон ба сайт.
Ҳангоми фиристодани СМС метавонед аз “смайлик”-ҳо истифода баред. Ба таври ҷолиб ва хонданбоб навиштани СМС дар платформаи OsonSMS осон аст!

Дар баробари хизматрасонии СМС маркетинг шумо метавонед платформаро ба дӯстон ва шиносҳоятон тавсия диҳед ва бар ивази ин дар тавозуни ҳуҷраи электронии шахсиатон маблағи иловагӣ ба даст оред.


Бо истифода аз системаи пешрафтаи таҳлилӣ шумо метавонед чунин маълумотро гиред:
• қабулкунанда кадом дастгоҳро истифода мебарад, СO (системаи оперативӣ), браузер;
• маҳалли ҷойгиршавии қабулкунанда;
• вақти ба линк (ссилка) даромадан;
• рақамҳои муштариёне, ки линкро пахш карда, ба он ворид шуданд.

Ҳамчунин истифодаи системаи пешрафтаи таҳлилӣ манфиатҳои зеринро дорост:
• имконияти муайян кардани самаранокии фиристодани СМС, ки бешубҳа бартарии зиёд дорад;
• муайян кардани онҳое, ки ба СМС паёмак аҳамият доданд ва ё надоданд;
• имконияти муйян кардани вақти фиристодани СМС паёмак, дар робита ба замоне, ки муштариён вориди линк (ссилка) мешаванд.


Ин система ду намуди ҳисоботро пешниҳод мекунад:
• ҳисоботи муфассал бо истифодаи диаграммаҳо ва графикҳо;
• ҳособот муфассал дар EXCEL оиди қабулкунандагон.

Дастандаркорони платформа тасмим гирифтаанд, ки як системаи пешрафтаи таҳлилиро дар ҳуҷраи шахсии равонкунандагони СМС паёмак (соҳибони ширкатҳо ва ё молу маҳсулот) ба роҳ монанд, зеро барои истифодабарандагони ин система дидан ва таҳлили натиҷаҳои СМС паёмаки фиристодашуда аҳамияти муҳим дорад.

СМС-маркетинг ин чист ва чӣ тавр онро истифода бурд? Тавсияҳо аз истифодабарандагон.
Маркетинги СМС яке аз роҳҳои таблиғи (рекламаи) мол ва хизматрасониҳо бо истифода аз паёмакҳо аст. Он барои муоширати соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳо бо муштариёнашон пешбинӣ шудааст, ки дастрас ва нисбатан арзон мебошад.
СМС-паёмакҳои таблиғотӣ ҳангоми дуруст истифода бурдан, аз ҷиҳати суръат тезтар ва фоидаи бештар доранд. Дурустии омор аз истифодабарандагон ва машҳур будани ин ё он ширкат вобаста аст. Вале, дар бештари ҳолатҳо, равон кардани паёмаки кушода тариқи почтаи электронӣ шумораи бинандагон ва истифодабарандагонро афзоиш медиҳад.


СМС — паёмак ҳамчун як қисми маркетинг
Барои ворид кардани СМС паём ба стратегияи маркетингии ширкат роҳҳои зиёд мавҷуданд. Масалан, СМС роҳи аз ҳама зудтарини муошират бо муштарӣ мебошад. Аммо худро бо СМС-паёмакҳо маҳдуд накунед, зеро каналҳои гуногун барои муошират ва таблиғи молҳои ширкат, барои натиҷаҳои хубро ба даст овардан, ба шумо бештар кӯмак мерасонад.


Истифодаи СМС-паёмакҳо ба пешрафт ва дастгирии лоиҳаҳо ва аксияҳои таблиғотии шумо ёрӣ мерасонад. Барои “шахсан” ба худи муштарӣ дар бораи ин ё он маҳсулоти нав хабар додан, имконият фароҳам меорад. Шумо метавонед равон кардани СМС – паёмакро ҳамчун канали асосии таблиғотӣ истифода баред. Аммо хавфе вуҷуд дорад, ки ҳангоми пай дар пай равон кардани СМС ба телефони мобилии муштарӣ, метавонед онро аз даст диҳед.
Маркетинги СМС барои чӣ лозим аст?
1. Муошират
Муоширати шумо бо муштариён, ҳатто он тариқи СМС паёмҳои яктарафа сурат гирад ҳам, дар маҷмӯъ ба пешрафти ширкат таъсир мерасонад. Тамосҳоятонро (рақами телефон, суроға) дар СМС гузошта, хотиррасон мекунед, ки ширкат ҳамеша барои муошират бо мизоҷон омода аст ва кӯшиш мекунад, ки ба ҳама саволҳо посух гардонад.

2. Реклама
СМС ҳамчун канал барои фиристодани паёмҳои таблиғотӣ имкониятҳои зиёд дорад. Азбаски СМС паёмҳоро аксарияти қабулкунандагон мекушоянд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки доираи истифодабарандагон ва таъсираш ба онҳо васеъ хоҳад шуд.

3. Обрӯю эътибори бештар
Бо СМС маркентинги хуб омодашуда обрӯю эътибори ширкатро дар байни ҷомеа баланд бардоштан осон ва қулай аст.
Огоҳӣ дар бораи рӯйдодҳои муҳим, пешниҳодҳои ҷолиб, табрикотҳо, ёдраскуниҳо — ин намуди СМС паёмҳо ба ташаккули имиҷи ширкате мусоидат мекунанд, ки ҳамеша дар фикри муштариёни худ мебошад.


Намунаҳои маркетинг СМС
Фарз кардем, ки хадамоти автомобилӣ ба шумо чунин СМС фиристодааст:
«Фаврӣ! 50% тахфиф барои хизматрасонии интихобшуда. Биё! ”
Оё ин намуна хуб аст?
Таҳлил мекунем: дар паём суроғае нест, мӯҳлати амали пешниҳод низ вуҷуд надорад, рақамҳои телефон ё суроға гузошта нашудааст, аммо даъвате ба амал ва калимае, ки фавран диққатро ба худ ҷалб мекунад дида мешавад. Ин тавр фиристодани SMS-ро дуруст ҳисобидан мумкин нест, зеро ҳангоми хондан онро қабулкунанда намедонад, ки барои гирифтани тахфифи ваъдашуда дар куҷо ва кай ба хазматрасонии автомобилӣ муроҷиат кунад.


Чӣ тавр маркетинги СМС –ро дуруст истифода бурд?
Барои амалӣ кардани стратегияи маркетинги СМС ягон қоидаи алоҳидаи тасдиқшуда вуҷуд надорад. (бо вуҷуди оне, ки дар мундариҷаи паёми матнӣ маҳдудиятҳо мавҷуданд).
Тавре муошират кунед, ки барои корбарон муфид бошад.
Стратегияи шумо ҳамон вақт самаранок ҳисобида мешавад, ки агар ба муштарии худ диққат диҳед ва СМС-паёмакҳои барои қабулкунанда ҷолибро нависед. Агар шумо хуб дарк кунед, ки муштарӣ маълумоти заруриро гирад, он гоҳ ба паёмакҳо вокуниши манфӣ вуҷуд нахоҳад дошт.


Саривақт нависед ва аз ҳад зиёд паёмак нафиристед.
Маълумоти муҳим бояд саривақт расонида шавад, то натиҷаи хубро ба даст ояд. Инчунин шумораи зиёди паёмҳо аксар вақт боиси расонидани таъсири манфӣ мегарданд. Аз ин рӯ, мавзӯи паёмакро бодиққат интихоб кунед. Бо паёмҳое, ки барои муштарӣ ҷолиб ва лозим нестанд, муошират накунед.


СМС паёмак бояд маълумоти ба ҳама фаҳмо ва дурустро расонад
Бо фиристодани паёмҳои электронии маркетингӣ, шумо аудиторияи васеъро аз ин ё он маълумот хабардор мекунед. Аз ин рӯ, паём ва ҳадафи паёми шумо бояд барои ҳама равшан бошад. Албатта, мундариҷа аз хусусият ва синну соли муштарӣ вобаста аст, аммо матни ба ҳама хос навиштан лозим аст, ки ба ҳар як муштарии мавҷуда ё эҳтимолӣ писанд ояд.
Унсурҳои маркетинги СМС метавонанд ба ҳама гуна стратегияи таблиғотии маҳсулот ворид карда шаванд. Танҳо ба як хулоса оед, ки паёмҳоятон барои шахси қабулкунанда то чӣ андоза фаҳмо аст ва бо ин роҳ чӣ тавр дар байни аудиторияи мақсаднок обрӯю эътибори ширкати худро баланд бардоштан мумкин аст.

Нашрҳои монанд
МаркетингТехнологияҳо

Дар Telegram имкониятҳои нав пайдо шуд

Маркетинг

YouTube дар соли 2020 барои 1000 - тамошо чӣ қадар пул медиҳад ва бо кадом роҳ тамошоро ду маротиба зиёд намудан мумкин аст?

МаркетингТехнологияҳо

Парвиз Рӯзиев Menu.tj -ро ба лоиҳаи нави замонавии Gastronom “ребрендинг” эълон кард!

Маркетинг

Маликаи ТикТок: Чӣ гуна як тоҷик духтар миллионҳо пулу муштариёни зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба даст овард?

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту