Зодаи Душанбешаҳр Дина Саева ва ё Мадина Басаева яке аз корбарони маъруфи шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан ТикТок ба ҳисоб рафта, дар ин шабака зиёда аз 7 миллион шунаванда дорад. Аз ҳисоби муштарии зиёд Мадина дар як моҳ зиёда аз 800,000 рубли русӣ даромад ба даст меорад в ин боис шудааст, ки ӯ бо брендҳои маъруфи ҷаҳон аз ҷумла Coca-Cola ва Dolce & Gabbana шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонад.
Мадина Басаева зодаи оилаи камбизоат аст ва волидонаш ба фаъолияти блогериаш зид набуда, ӯ бо ин роҳ зиндагии худро таъмин карда метавонад.
Мадина пеш аз он ки инқадар маъруфшуда буд, бо гузоштани видеои тақлид ба мусиқиҳои халқҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мавқеи худро аввал дар саҳифаҳои Instagram, YouTube ва сипас дар ТикТок пайдо намуд. Ӯ ҳамчунин охири тобистони соли 2019 мақоми корбари маъмултарини русзабонро соҳиб шуд.
Тавре Forbes иттилоъ медиҳад, Мадина дар таблиғи блогерҳо ба монанди Егор Крид ва интегратсия бо брендҳои маъруфи ҷаҳон ба монанди Coca-Cola, Samsung ва Dolce & Gabbana дар як сол на кам аз 10млн рубли русӣ ба даст меорад.

Каме аз ҳаёт
Аз мусоҳибаи Мадина бо Forbes маълум аст, ки ӯ дар як шароити вазнин ба воя расида, то ба ин дараҷа расидан бисёр пастиву баландиҳои зиндагиро дидааст.
“Ман бо хоҳарон ва бародаронам дар ҳолати вазнин тарбия шудаам. Падарамон баъди даҳ солӣ зиндагӣ дар Русия тавонист, ки шаҳрвандии ин кишварро ба даст орад. Волидонам мепиндоштанд, ки кӯдакон дар Русия нисбат ба Тоҷикистон беҳтар хоҳанд буд. Мо дар аввал аз надоштани ҷойи зисти доимӣ ва шароити мусоид барои зиндагӣ танқисӣ мекашидем” – мегӯяд Мадина дар яке аз мусоҳибаҳояш.
Волидони онҳо дар Русия манзили зисти шахсӣ надоштанд ва хонаеро ба гарав гирифтанд. Пас аз марги падараш (соли 2019) тамоми оиларо Мадина сарпарастӣ мекунад ва модараш ӯро ягона сарпаноҳ мешуморад.
Қадамҳои нахустин
Мадина дар навбати аввал бештар тамоюл ба видеоҳои тоҷикӣ, доғистонӣ, русӣ ва аврупоӣ мекард ва писандидатарини онҳоро тақлид ва ё баъзан вақт таҳти онҳо рақсида, дар шабакаҳои ВКонтакте, Instagram ва YouTube бо номҳои «Зани тоҷик зебо месарояд» ва «Зани тоҷик ба таври зебо рақс мекунад» пахш менамуд, ки дар як рӯз қариб аз 10,000 то 20,000 нафар онҳоро тамошо мекард.
Ҳамкориҳои аввал
Баъди гузоштани видеороликҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ Мадина аллакай мухлисону ҳаводорони худро пайдо намуда буд ва дере нагузашта, кошонаи арӯсии Санремо, ки дар Доғистон фаъолият мекард, ӯро барои рекламаи либосҳои арӯсӣ даъват намуд. Мадина аз таблиғи либосҳои арӯсии ин кошона тақрибан 90 000 рубл ба даст овард.
Аз Instagram ба ТикТок
Дар Маскав Мадина фаъолияти блогериашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дода, дигар барои маъруф шудан не танҳо барои манфиат ба даст овардан кӯшиш мекард.
«Баъзан вақт фикрҳои аҷиб ба сарам меомаданд ва фикр мекардам ,ки агар инстаграм нест шавад ман чӣ кор мекунам?» — мегӯяд ӯ. Пас аз ин Мадина саҳифаи шахсии худро дар ТикТок кушода мухлисонашро ба инҷо даъват кард. ТикТок – ро ба он хотир Мадина интихоб кард, ки барнома дар зиёда аз 150 давлати ҷаҳон истифода мешаваду зиёда аз 1,5 млрд истифодабаранда дорад. Дар ин барнома видеоҳои писанди истифодабарандагон дар ҳаҷми аз 15 то 60 сония пешниҳод мегарданд, ки бисёр ҳам маҳқули онҳо буда метавонад. Инчунин барнома имкони таҳрир ва таҳияи видеоро ба истифодабаранда фароҳам овардааст, ки дигар ҳоҷат ба техникаву технологияи дигар нест.
Ҳамкорӣ бо Dolce & Gabbana
Баъди маъруфияташро нишон додан як қатор брендҳои ҷаҳонӣ ба Мадина таклифи ҳамкорӣ намуданд. Дар Маскав ӯ бо муассисони бренди Dolce & Gabbana Domenico Dolce ва Stefano Gabbana мулоқот кард ва 23-юми феврал дар Милан, дар коллексияи нави бренди тирамоҳӣ ва зимистонии Fashion аз номи Dolce & Gabbana баромад намуд.
Баҳси атрофи «Қуръон» бо забони русӣ
Нисбати видеоҳои гузоштаи Мадина дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳҳои мусбиву манфӣ аз ҷониби мардум гузошта мешуд ва баъзе дар дин устуворон мегуфтанд, ки “духтари тоҷик набояд либоси аврупоӣ пӯшаду ислом ва миллати тоҷикро бадном кунад”.
Соли 2017 Мадина дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоеро бо номи «Шумо Библияро мехонед ва ман — Қуръон» гузошт, ки баҳсҳои бисёреро ба вуҷуд овард. Дар он видео блогер дар як даст Қуръон ва дар дасти дигар Библияро гирифта суруди русӣ мехонад. Дар шарҳҳо, бисёриҳо ба ӯ таҳдид карда буданд ва ҳатто гуфта буданд, ки агар ӯро ёбанд барои ин амалаш ҷазо медиҳанд. Ин амали мухлисонро дар шарҳи видео Мадина бетараф нагузошта, каме баъдтар дар саҳифаи YouTube – худ видеои муроҷиатиеро гузошт, ки матнаш чунин буд:
«Ба шумо доварӣ карданӣ нестед. Ман модар дорам, падар дорам ва онҳо маро дуруст тарбия карданд! Ман аз ҳеҷ кадоми шумо наметарсам! Мехоҳед маро бикушед? Лутфан! Биёед! Ман ҳоло дар Махачқалъа ҳастам. Биёед ва нишон диҳед, ки ба чӣ қодиред! Такрор мекунам, ки ман аз ҳеҷ кадоми шумо наметарсам! ”.
Ин блогери Россияву Тоҷикистон имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр маъруф гардида, ҳамкориҳои судмандро бо дигар блогерон ба роҳ мондааст. Видеоҳои аз ҳама маъруфтарини Мадина сароидани суруди Аида Алиева «Офтоб ҷони маро гарм мекунад» ва «Фарёди бесадо» -и Фараҳманд Каримов мебошанд, ки дар ютубканали Асалча Медиа зиёда аз 7,2 миллион тамошобин онҳоро дидааст.