Маркетинг

Лоиқ Раҷабов шарики расмии ширкати истеҳсолии “Sardor” шуд

“Хабари хуш барои мухлисонам ин аст, ки ман расман шарики ширкати истеҳсолкунандаи “Sardor” шудам ва хело шодам, ки  бо яке аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ  дар Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоям” —  иброз дошт Лоиқ Раҷабов дар саҳифаи инстаграми худ.

Бояд ёдовар шуд, ки ширкати «Sardor» соли 2011 дар шаҳри Турсунзода таъсис ёфтааст, ки маҳсулоти он имрӯзҳо дар дастгоҳҳои муосири кишварҳои Олмон, Хитой ва Россия  истеҳсол карда мешаванд.  Вазифаи ширкат таъмин намудани истеъмолкунандагон бо маҳсулоти босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад. Ширкат маҳсулотҳои худро бо тамғаҳои «Симба», «Кок» ва «Хавас» истеҳсол мекунад, ки дар ҳоли ҳозир донаҳои офтопарасти «Симба» ба мардум бисёртар маълум аст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Лоиқ Раҷабов  тӯли 4 соли охир дар Олмон ҳаёт ба сар мебурд ва имсол ба Тоҷикистон баргашт.

Дар соли 2019, варзишгар дар сабқати байналмилалии муборизаи лигаи касбӣ дар Ню Йорк ширкат варзида, барои ба финал роҳхат гирифтан якчанд паҳлавонро мағлуб намуда буд, аз ҷумла  Ислом Мамедовро, ки бо қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмагомедов машқ мекунад.

Бозии ниҳоии “PFL” шаби 31 декабри соли гузашта дар майдони “Madison Square Garden”  миёни варзишгари тоҷик Лоиқ Раҷабов  ва Натан Шульте  аз Бразилиа баргузор гардид, ки дар  он  варзишгари бразилӣ ғолибиято соҳиб шуда, як миллион доллар ба даст овард.

Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғара таваллуд шуда, баъди анҷоми мактаби миёнаи №77-и шаҳри Душанбе Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси роҳи оҳан хатм намудааст.

Лоиқ Раҷабов соли 2012 фаъолияти меҳнатии худро оғоз карда, соли 2015 ба Олмон сафар мекунад ва он ҷо дар хонаи Олег Шарипов яке аз шаҳрвандони  тоҷик тамрини худро оғоз мекунад. Дар Олмон, ӯ сабқатҳои  муборизаи лигаи касбӣ  иштирок намуда, то ин муддат 4 камарбанди қаҳрамонӣ  ба даст овардаст.

То имрӯз Лоиқ Раҷабов 17 маротиба рӯйи майдони набард баромада, 14 ғалаба, 1 мусовӣ ва 2 мағлубият дорад.

Нашрҳои монанд
МаркетингТехнологияҳо

Дар Telegram имкониятҳои нав пайдо шуд

Маркетинг

Oson SMS: Чӣ хел дар Тоҷикистон аз СМС маркетинг истифода бурдан мумкин?

Маркетинг

YouTube дар соли 2020 барои 1000 - тамошо чӣ қадар пул медиҳад ва бо кадом роҳ тамошоро ду маротиба зиёд намудан мумкин аст?

МаркетингТехнологияҳо

Парвиз Рӯзиев Menu.tj -ро ба лоиҳаи нави замонавии Gastronom “ребрендинг” эълон кард!

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту