Андеша

Сундар Пичай директори Google ду принсипи асосии ҳаёти муваффақро номбар кард

Сундар Пичай директори ширкати Google 27 сол пеш ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои таҳсил дар Стенфорд омада буд. Пас аз хатм, ӯ дар як ширкати нимноқил кор мекард ва дар McKinsey мушовир буд. Айни ҳол Пичай директори Alphabet ва Google мебошад.

Inc.com ду принсипи асосиро пешниҳод кард, ки ба ӯ дар ёфтани кори ҳаёташ ва ба даст овардани муваффақият дар карераи худ кӯмак карданд.

Директори Google саргузашти муваффақонаи худро дар як ҷашннома бо хатмкунандагони  соли 2020 нақл кард. Тибқи гуфтаи Сундар Пичай, дар оилаи ӯ то синни 10-солагӣ телефон  мавҷуд набуд. Пас аз гирифтани дипломи бакалавр дар Донишкадаи Технологии Ҳиндустон, Пичай ба Иёлоти Муттаҳида барои таҳсил ба Стэнфорд рафт. Аммо вақте ки ӯ ба Амрико омад, фаҳмид, ки арзиши як ҷузвдон дар Иёлоти Муттаҳида ба музди маоши моҳонаи падараш дар Ҳиндустон баробар аст.

«Нуқтаи дурахшони он замон пеш аз ҳама барои ман ҳисобу китоб маҳсуб меёфт. Бори аввал дар ҳаётам ман метавонистам дар компютер ҳар вақте ки мехостам кор кунам. Ин ақида ва ҷаҳонбинии маро куллан тағйир дод” мегӯяд директори ширкат.

Дар гузашта, Пичай боварии комил дошт, ки муваффақияти ӯ объективӣ аст. Вай барои пайдо намудани калиди дари муваффақият ду роҳро интихоб намуд. Ба гуфтаи директори генералии Google, риоя кардани ин принсипҳо метавонад ба шумо дар ёфтани роҳи худ ба сӯи муваффақият мусоидат кунад. Агар шумо хоҳед, ки дар корхона ва дилхоҳ ҷойи кор карера пайдо намоед ва ё дар тиҷорати худ муваффақ гардед, ҳатман аз ин принсипу роҳҳо самаранок истифода баред.

1. Мавқеи худро пайдо кунед

«Вақти лозимӣ ҷудо кунед, то муайян карда  фаҳмед, ки чӣ чиз воқеан шуморо ба ҳаяҷон меорад», тавсия медиҳад Пичай. Гузоштани ин қадами мардонагӣ бисёр душвор аст ва ҷасорату матонатро талаб менамояд. Дар ниҳоят, муайян кардани афзалиятҳои шахсии шумо нисбат ба маслиҳати волидон, таҷрибаи ҳамсолон ё стереотипҳои иҷтимоӣ  басо душвор аст.

“Агар ман таҳсиламро дар Стэнфорд идома медодам, эҳтимолан аллакай ман доктори илм будам ва оилаам вз ин фахр мекарданд. Аммо агар ман он гоҳ роҳи дигари зиндагиро интихоб наменамудам, имконияти мубодилаи технологияро бо аксари одамон аз даст медодам ва шояд дар ин ҷо ҳам директори ширкати Google намебудам” гуфт ӯ.   

Тавре Пичай таъкид мекунад, меҳру муҳаббат ба касб боис мегардад, ки шумо дар ҷодаи интихобнамуда муваффақ гардеду дар ҷомеа мавқеи муайяни худро пайдо созед. Меҳру муҳаббат албатта ба Шумо боварии комил мебахшад, ва шумо эҳсос мекунед, ки коратон дар ин самт ҷаҳонро беҳтар мекунад.  

2. Ба ҳавасҳои худ пайравӣ кунед, аммо ҳадафи худро нигоҳ доред

Қадами дуюм барои бунёди карераи муваффақ, ба қавли Пичай, «пайравӣ кардани ҳаваси худ аст». Вақте ӯ фаҳмид, ки  орзуву ҳавас ва меҳру самимияташ ба соҳаи технология бештар аст, пайваста кӯшиш мекард, ки нозукиҳои ин соҳаро аз худ намояду дар ин ҷода ибтикоре нишон дода, натиҷаашро мунтазир  мешуд, ки ӯро то куҷо бурда мерасонад. 

Пас аз хатми таҳсил дар Стэнфорд, Пичай ба як ширкати нимноқил ба фаъолияти корӣ шурӯъ кард. Аммо баъди чанд муддати фаъолият пай бурд, ки ин роҳ ӯро ба мақсад намерасонад. «Ман каме вақт сарф кардам, то дарк кунам, ки Интернет ягона роҳи дастрас кардани техникаву технологияҳои муосир ба ҳама одамон ба ҳисоб меравад», — мегӯяд ӯ.

Кӯшишу заҳмат ва талошҳои пайвата ӯро ба Google оварданд, ки дар таҳияи браузери Chrome ва дигар барномаҳо иштирок намуд. “Ба худ бовар дошта бошед, ки Шумо ҷаҳонро беҳтар карда метавонед, гарчанде намедонед, ки чӣ тавр. Ошкоро будан, вале айни ҳол воқеатро воқеъбинона дарк кардан бисёр муҳим ва баманфиат аст. Ин амал ба Шумо дар ҷустуҷӯи ҳадафи муайян ва орзуву мақсадатон кӯмак мекунад” иброз дошт Пичай дар мулоқот ва суханронӣ бо хатмкунандагони соли 2020.

Нашрҳои монанд
АндешаОморСоҳибкорӣ

Аз болоравии рублу доллар ва евро то уфти сомонӣ: эълони қурби асъор.

Андеша

Ҳабиб Нурмагомедов пас аз муҳорибаи охиринаш чӣ қадар маблағ мегирад?

АндешаТехнологияҳо

WSJ: Авҷи истифодабарии нақлиёти барқӣ наздик аст.

Андеша

Билл Гейтс гуфт, ки чӣ гуна ба саволи "Чаро мо шуморо ба кор гирем?" ҷавоб бояд дод.

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту