Андеша

Инсон қобилияташро замоне мефаҳмад, ки барои истифода бурдани он азм намояд.

Замоне як нафар амлокдоре буд. Ӯ духтари хушгил ва қадрасе дошт ва мехост бидонад, ки оё ҷавонон духтарашро дӯст дошта, ба ӯ хонадор шудан мехоҳанд ё барои пулу моли падараш хонадор шуданианд?

Ниҳоят ӯ тасмим гирифт, ки ҷавононро санҷад. Бо ҳамин мақсад ӯ онҳоро назди ҳавзе гирд оварда, эълон намуд: ҳар нафаре, ки ҳамин ҳавзро шино карда гузарад, подоши аъмолашро дар намуди зерин медиҳам: ё аз сеяк ҳиссаи заминамро ё аз се як ҳиссаи сарватамро ва ё духтарамро. Вале дар ёд дошта бошед, ки дар ҳавз тимсоҳҳои гурусна ҳастанд.

Мард суханашро ҳанӯз то охир нарасонда буд, ки яке аз ҷавонон ба об ҷаҳид. Марди сарватманд аз чунин қарори ҷавонмардона ва иродаи қавии ҷавон дар ҳайрат афтод. Тимсоҳҳо таъқибаш мекарданд, вале ҷавон мекӯшид, аз онҳо тезтар шино кунад. Ниҳоят то ба ӯ расидани тимсоҳҳо ба соҳил баромад.

Марди ҳайратзадаи сарватманд аз ҷавон пурсид, ки оё ӯ аз се як ҳиссаи заминашро мехоҳад? Ҷавон «не» гуфт. «Набошад аз се як ҳиссаи сарватамро мегирӣ?». Ҷавон боз «не» гуфт. Марди сарватманд акнун андаке осуда шуда, аз ҷавон бори дигар пурсид: «Оё шавҳари духтари ман шудан мехоҳӣ?»

Ҷавон ҷавоби аввалашро  боз такрор кард; «не»

«Пас ту чӣ мехоҳӣ?» — пурсид амлокдор.

«Муттаҳамеро биёбам, ки маро ба ҳавз тела дод.» — посух дод ҷавон.

Ин мисол нишон медиҳад, ки ҳамаи одамон имконияти ҷисмонӣ ва зеҳнии худро дуруст қадр карда наметавонанд. Вале дар ҳолати ғайричашмдошт ҳамин қобилияташон зуҳур мекунад. Агар ин ҷавонро дар ихтиёраш мегузоштед, худро ҳаргиз бо хоҳиши дил ба ҳавз намеандохт.

Устоди бомаҳорат ҳам шогирдашро барои иҷро кардани амале водор месозад, ки ӯ бо хоҳиши худаш иҷро кардан наметавонад, вале устод барои зуҳур кардани қобилияти шогирд кӯмак мерасонад. Устоди ноуҳдабаро мегӯяд: «Хуб, ҳамин корро фардо метавонӣ, анҷом диҳӣ». Вале ин рафтори устод аз дӯстдорӣ набуда, балки аз дилсӯзист. Оқибати дилсӯзии ҷарроҳ эҳтимоли марги бемор аст. Инро ҳаргиз набояд фаромӯш кард.

Нашрҳои монанд
АндешаОморСоҳибкорӣ

Аз болоравии рублу доллар ва евро то уфти сомонӣ: эълони қурби асъор.

Андеша

Сундар Пичай директори Google ду принсипи асосии ҳаёти муваффақро номбар кард

Андеша

Ҳабиб Нурмагомедов пас аз муҳорибаи охиринаш чӣ қадар маблағ мегирад?

АндешаТехнологияҳо

WSJ: Авҷи истифодабарии нақлиёти барқӣ наздик аст.

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту