Муҳорибаи охирине, ки Ҳабиб Нурмагомедов анҷом дод тамоми мухлисонашро хушнуд кард. Ӯ бо Ҷастин Гейҷии амрикоӣ муҳориба карда, ғалабаи комилро ба даст овард. Тибқи иттилои нашрияи онлайнии Sportekz, акнун баъди чанд рӯз — Ҳабиб Нурмагомедов барои пирӯзиаш 3 миллион доллари амрикоиро ба даст овард.

Ғайр аз ин, варзишгар барои беҳтарин шоми ҳунарнамоӣ дар ҳаҷми 50 000 доллар мукофотпулӣ ва 40 000 доллари дигарро ҳамчун пардохти таблиғ (реклама) соҳиб гашт.
Ҳамин тариқ, варзишгари Россия барои мубориза 3,09 миллион доллар ба даст овард. Ба ин миқдор маблағ фоизи пахши барномаҳои пулакӣ дохил карда нашудааст, ки ин қисми дигари даромади Ҳабиб Нурмагомедов мебошад.
Ҷастин Гейҷи бошад, барои муҳорибааш бо Ҳабиб Нурмагомедов 600 000 доллар маблағ ва 30 000 доллари дигар ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.
Набарди Нурмагомедов ва Гейҷи рӯзи 24 октябр баргузор шуд ва бо пирӯзии варзишгари Россия дар даври дуюм ба анҷом расид. Дар охири мубориза Хабиб Нурмагомедов оиди ба охир расидани карераи худ хабар дод.
Маблағи умумии ҷоизаҳои муҳорибаҳои Нурмагомедов дар UFC, ба истиснои мукофотпулӣ аз телевизион ва пахши онлайнӣ, 10 миллион долларро ташкил медиҳад- қайд кардааст нашрияи Sportekz.