Андеша

Билл Гейтс гуфт, ки чӣ гуна ба саволи «Чаро мо шуморо ба кор гирем?» ҷавоб бояд дод.

Муассиси ширкати бонуфузи “Microsoft” Билл Гейтс ба яке аз саволҳои маъмултарини мусоҳибон “Чаро мо шуморо бояд ба кор гирем” ки аз ӯ талаб карда буданд посухи лозимӣ дод.  Дар ин бора  CNN иттилоъ медиҳад.

Ҳангоми мусоҳиба бо Гейтс, бозингари НБА Стивен Карри гуфт: «Фарз мекунем, ки шумо дар вазифаи таҳиягари хурд дар ширкати  Microsoft қарор доред ва дар толори нишаст ё сӯҳбати видеоӣ нишастаеду аз шумо мепурсанд: «Чаро мо маҳз шуморо ба кор қабул кунем? Билл Гейтс ҷавоби хеле сода ва рӯирост дод.

“Шумо бояд ба рамзи навиштаи ман назар андозед. Медонед, ман каме аз ақл бегона шудам. Барномаҳоро дар муқоиса бо ҳар як курси таҳсилкардаам хеле беҳтар менависам ва фикр мекунам, ки бо гузашти вақт фаъолияти ман беҳтару хубтар шудааст. Пас бубинед, ки ман дар кори худ бо ирода ва азми қавӣ фаъолият менамоям. Дар кор бо ҳамкорон ва умуман бо одамон меҳрубонона ва олӣ муносибат дорам ва бо ашхоси кордӯстдор дар як гурӯҳ кор кардан ба ман писанд аст. Бо ин васила ман ба ҳадафҳои бештаре наздик шудан мегирам. Ман мехоҳам дар бораи он фикр кунам, ки чӣ гуна мо ояндаро наздиктар карда метавонем. Чӣ бояд кард то дар ҳар як амали иҷрокардашуда мувафақиятеро дарёбем. Ҳамин гуна бо ҷустуҷӯ ва дарёфти ин посухҳо мо дар зиндагӣ калиди муваффақиятро ба осонӣ пайдо карда метавонем”

Ҳангоми пурсидани музди меҳнат, Гейтс гуфт, ки ӯ ба ҷои пул имконоти саҳмияҳои Microsoft-ро афзалтар медонад.

Дар як хабар “Inc” иттилоъ дода буд, ки Билл Гейтс барои  соли 2021 якчанд пешгӯиҳои ҷаҳониро пешниҳод гардонида буд, ки онҳо ба замони анҷомёбии пандемияи бемории коронавирус, бӯҳрони иқлим ва ояндаи тамоми инсоният марбутанд.

«Нуктаи асосӣ ва калидӣ дар он аст, ки зиндагӣ рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст. Оҳиста-оҳиста, аммо дуруст мо дарк мекунем, ки мо бо ақаллиятҳо, яъне бо нафарони касбу кори гуногун чӣ гуна муносибат дорем. Дар муносибат бо занон чӣ нақш дорем” – мегӯяд соҳибкор.

Дар ҳақиқат, ҳар як нафар новобаста аз касбу кори гуногун агар дар пешаи интихобнамуда, бо дилгармӣ ва меҳру муҳаббати беандоза фаъолияташро пурсамар ба роҳ монад, барои ӯ ҳама дарҳои муваффақият боз аст ва дар ин самт пайравӣ аз мактаби бузурги соҳибкори муваффақу машҳур Билл Гейтс намунаи ибрати хурду калон бояд бошад ва ӯ ҳамчун идеал барои дигар кормандону навшурӯъкунандагони кор эътироф гардад.

Нашрҳои монанд
АндешаОморСоҳибкорӣ

Аз болоравии рублу доллар ва евро то уфти сомонӣ: эълони қурби асъор.

Андеша

Сундар Пичай директори Google ду принсипи асосии ҳаёти муваффақро номбар кард

Андеша

Ҳабиб Нурмагомедов пас аз муҳорибаи охиринаш чӣ қадар маблағ мегирад?

АндешаТехнологияҳо

WSJ: Авҷи истифодабарии нақлиёти барқӣ наздик аст.

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту