Андеша

Дарсҳои тиллои: 7 дарс аз ҳаёти ҷониби Ричард Бренсон

Масъалаи муваффақ шудану пули зиёд ба даст овардан миллионҳоро ба ташвиш меораду ором будан намегузорад, аммо на ҳама меҳнат кардан мехоҳанд. Миллиардер Ричард Брэнсон роҳбари Virgin Group , ки беш аз 400 ширкатро дар бар мегирад роҳи дурур дарозу пурпечутобро паси сар намудааст ва метавон аз таҷрибааш чизе омухт.


Дарси 1-ум : Барои ба даст овардани чизҳое, ки ба шумо маъқул нестанд, кушиш накунед!
Шарти зарурӣ дар он аст, ки манбаи даромад ва кор бояд шодиовар бошад. Бигузор кушодани як мағоза бошад аммо бо тамоми нерӯву сидқ ба он аҳамият диҳед, зуд фикри империя доштанро накунед.


Дарси 2-ум: Мо бояд ба афтиданҳо омода бошем. Бе хато муваффақ шудан ғайри имкон аст, бинобар ин шумо набояд аз хатоҳо тарсед ва пешакӣ таслим шавед. Соҳибкори ҳақиқӣ албатта хато мекунад, вагарна ӯро соҳибкор номидан мумкин нест.


Дарси 3-ум: Ба камбудиҳои дигарон диққат диҳед. «Танқиди рақибон ба шумо дар ҳеҷ сурат кӯмак нахоҳад кард, аммо хатоҳои онҳо бояд қабул карда шавад, чунки барои пешгирӣ кардани нобарориҳо кӯмак мекунад.


Дарси 4-ум: Мо бояд он чизеро, ки 10-15 сол пеш ёд гирифта будем, фаромӯш кунем
Вақт тағйир меёбад, аз ин рӯ дониши нав доимо талаб карда мешавад. Ончизе, ки солҳои пеш ба даст оварда шуда буданд, аллакай нолозиманд. Беҳтар аст, саъй намоед, ки таҷриба ва донишҳои навро, ки ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошад аз худ кунед.
Дарси 5-ум: Калимаи «имконнопазир»-ро аз худ дур кунед! Дар роҳи расидан ба мақсад он имконнопазирастгуиро бас кунед. Шумо ҳатто набояд калимаи «ғайриимкон» -ро истифода кунед. Сухане ҳаст, ки агар шумо хоҳед, метавонед.


Дарси 6-ум: Тиҷорат мисли як оила мебошад.
Ба гуфтаи Ричард, дар ҷои кор, фазо албатта бояд дӯстона бошад. Одамон бояд ҳисси ифтихор аз кори худро дошта бошанд. Соҳибкори ҳақиқӣ бояд дар муҳити корӣ, фазое эҷод кунад, ки ба хонааш шабеҳ бошад. Роҳбар бояд бо кормандони оддӣ бештар сӯҳбат кунад, ба андешаҳои онҳо таваҷҷӯҳ кунад, маслиҳат пурсад ва хоҳишҳоро ба инобат гирад.


Дарси 7-ум: Доштани нақшаи аниқ Барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва муваффақ шудан дар соҳаи интихобшуда, шумо бояд нақшаи амалро таҳия намоед, вазифаҳои рӯз, ҳафта, моҳ ва ғайра ба қайд гирифта шавад. Риояи ин қоидаҳои оддӣ ба шумо имкон медиҳад, ба зиндаги нигоҳи дигар дошта бошед ва ба мақсадҳои худ ноил шавед.

Нашрҳои монанд
АндешаСоҳибкорӣ

Ёдгор Файзов: рӯшди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, намунаи ибрат вилояти Суғд

АндешаСоҳибкорӣ

Офтоб, баҳр ва Facebook: Субҳи бобарори ҷаноби Ричард Брэнсон

Андеша

Қазоқистон содироти ғалла ва ордро маҳдуд мекунад

АндешаСоҳибкорӣ

Шералӣ Ҷӯрабоев: Коронавирус - чӣ гуна тиҷоратро дар чунин шароити номусоид нигоҳ бояд дошт.

Аз нашрҳои муҳимтарин бехабар намон - беҳтаринҳои ҳафта дар email-и ту